Маҷлиси кории Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонзода А. дар толори иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Санаи 26 майи соли 2019 (тақрибан соатҳои 10:00) дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода А. ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Иноятзода Б. ва иштироки муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, сардорони раёсатҳо, мудирони бахшу шуъбаҳои  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, муассисаи давлатии назорати сектори хусусӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот,  сардорони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳру минтақаи Кӯлоб, раисони бозорҳои шаҳр ва  инчунин як қатор соҳибкорон ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Сараввал, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонзода А.  қайд намуданд, ки бахшида  ба ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намудани иншоотҳои ҷашнӣ, ба тартиб даровардани назди биноҳо, кӯчаҳои шаҳр, таъмири мактабҳои таъмирталаб, равшаннамоии кӯчаҳои шаҳр, оид савдои сарироҳӣ, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо,  аз байн бурдани бегонапарастӣ, инчунин либосҳои ба фарҳанги мо бегона дар якҷоягӣ корбарӣ намуда, корҳои сохтмониро дар 25 иншооти банақшагирифта ҳамаҷониба роҳандозӣ намоянд.

Роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар якҷоягӣ бо роҳбарони бозорҳо савдои сарироҳиро бартараф намуда, бозорҳоро ба тартиб дароранд.

Ҳамчунин бобати фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, зиёд намудани истеҳсолот ва ташкили ҷойҳои нави корӣ ба масъулин дастур доданд.

                                                                           Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code