Ҷаласаи кории Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонзода А. бо раисони кумитаҳои маҳалла

Санаи 26 майи соли 2019 (тақрибан соатҳои 15:30) дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода А. ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Иноятзода Б. ва иштироки муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, аъзоёни гуруҳҳои корӣ, сектори хусусӣ, ширкати хусуссии соҳибмулкони манзил, КФД истеҳсоливу истифодабарии манзил,  раисони маҳаллаҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонзода А. суханронӣ намуда, оид ба фаъолияти раисони кумитаҳои маҳалла ва корбарии онҳо бо аҳолӣ суханронӣ намуда, иброз намуданд, ки барои аз байн бурдани бегонапарастӣ, тарғиби фарҳангӣ миллӣ, ободии кӯчаву маҳаллаҳо ва тоза нигоҳ доштани шаҳр раисони маҳаллаҳо нақши аввалиндараҷаро соҳиб ҳастанд. Корбарии хирадмандонаи вакил метавонад ба тарбияву ахлоқ, зебогиву пешравии маҳалла нақш дошта бошад.

Аз ин лиҳоз, раисони кумитаҳои маҳалларо зарур аст, ки бо аҳолӣ корбариро дуруст ба роҳ монда, баҳри омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардумро ба ободкориву созандагӣ, шамбегиҳои ҳарҳафтаина ва ҳамчунин барои риоя ва эҳтироми фарҳанги миллати тоҷик сафарбар намоянд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Иноятзода Б. низ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки раисони маҳаллаҳо ҳамкориро бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб зич ба роҳ монда, дар таъмири биноҳои баландошёна, тоза намудани зери биноҳои баландошёна аз ҳар гуна сохтмонҳои худсарона, дар атрофи биноҳо сохтани майдончаҳои варзишӣ баҳри солимии аҳолӣ дар якҷоягӣ корбарӣ намуда, ба ҳусни шаҳр зиннат диҳанд.

                                                                        Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code