Шиносоӣ бо рафти ҷамъоварӣ ва захираи хӯроки дурушти чорво дар деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара бо рафти корҳои кишоварзӣ, агротехникаи парвариши зироат, ҷамъоварӣ ва захираи хӯроки дурушти чорво шинос шуданд. Айни замон бо истифода аз имкони мавҷуда дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ноҳия ҷамъоварии хуроки чорво идома дорад.

Дар мавсими имсола чорводорони ноҳияи Данғара азм доранд зиёда аз 100 ҳазор тонна хӯроки дурушти чорво ҷамъоварӣ намоянд. То 24 май кишоварзон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ бештар аз 20 ҳазор тонна хӯроки дурушти чорво ҷамъоварӣ кардаанд.

Бо дарназардошти фаровонии хӯроки чорво Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҷагидоронро барои захираи дусолаи он вазифадор намуданд.

Кишоварзони ноҳияи Данғара давоми солҳои зиёд аст, ки дар самти ҷамъоварии хӯроку парвариши чорво таҷрибаи ғани доранду дар қонеъсозии талаботи бозори истеъмолӣ бо гӯшту шир нақши муҳим мегузоранд.

Данғара яке аз калонтарин ноҳияҳои аграрии вилояти Хатлон маҳсуб меёбад. Соли гузашта чорводорони ноҳия нақшаи ҷамъоварии хӯроки дурушти чорворо 105 фоиз иҷро намуда буданд. Меҳнати пайваста ва истифодаи тамоми имконоти мавҷуда буд, ки дар мавсими имсолаи наслгирӣ чорводорони ноҳияи Данғара таҷрибаи намунавӣ нишон доданд.

Кишоварзон талош доранд дар ҷумҳурӣ бо заминагузори ба рушди минбаъдаи чорводорӣ дар зиёд кардани истеҳсоли гӯшту шир ва қонеъсозии талаботи бозори истеъмоли бо ин намуди маҳсулот нақши муҳим дошта бошанд.

Меҳнаткашони ноҳияи Данғара дар баробари ҷамъоварии алафҳои худрӯй аз талу теппаҳои беканори ноҳия ҳамзамон дар майдони 660 гектар кишти зироати гуногун барои захираи хӯроки чорво гузарониданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code