ТЕРРОРИЗМ САРҲАД НАДОРАД

Санаи  22 майи соли 2019  дар  муассисаи  давлатии “Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб”  мувофиқи  нақшаи  солонаи корӣ  бахшида ба “Рӯзи ҷавонон” дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии хайриявии «Ҳомиёни Ватан»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи « Терроризм-вабои аср»  бо иштироки гуруҳи васеъи хонандагон баргузор гардид. Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ директори муассиса Обидов Саймуҳаммад  оғоз намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки ҷавонписарон бояд ҳамеша сабақи шуҷоату мардонагиро омӯхта, барои ҳифз намудани   хоки поку муқаддаси Ватан ҳамеша сарбаланду муваффақ бошанд.

Дар кори семинар Мирзоев Умедҷон Хайруллоевич–ҳуқуқшиноси ташкилоти ҷамъиятӣ, собиқадори муҳорибаҳои ҷангӣ, нафақахӯри  ВКД Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди терроризм, антитерроризм, контртерроризм  бо истифода аз наворҳои видеоӣ презентатсия   намуда, ҷавононро ба роҳи  созандагӣ, бунёдкорӣ, ватандӯстӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва тамоми арзишҳои Тоҷикистони азиз ҳидоят намуд, ки ин  аз тарафи ҳозирин  бо як ҳисси баланди миллатдӯстиву ватанпарастӣ  пазируфта шуд.

Дар охир, ҷавонон ба ташаббускорони вохӯрӣ барои баргузории чунин чорабинии пурмазмун изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки доимо барои пойдории сулҳу суббот ва ваҳдату ягонагии Тоҷикистони азизамон  тамоми саъю кӯшиши худро равона месозанд.

    Абдуллоева Саодат- корманди  Муассисаи давлатии

    «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон

ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб».

SAMSUNG DIGITAL CAMERA

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code