ДОНИШ ТАЛАБУ БУЗУРГИ ОМӮЗ…

Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № АП- 1165 аз 09.02.2019 ва мактуби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон № 1-03/456 аз 22.02.2019 инчунин Қарори Раиси вилояти Хатлон аз 27.02.2019  №68 оид ба баргузории Озмуни вилоятии “Фурӯғи  субҳи доноӣ…” миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мо китобдоронро муаззаф менамояд, ки тибқи “Низомнома”-и Озмун корбарӣ намоем.

Дар ин росто, ҳамаррӯза китобдорони Муассисаи давлатии “Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб” корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр, идораву ташкилотҳо  доир намуда, оиди  Низомномаи Озмун, шарт ва тартиби баргузории он хоҳишмандонро шинос менамоянд. Ҳамзамон, асарҳои адибоне, ки барои аз худ кардан ва хондан дар Низомнома тавсия дода шудааст, картатекаи мавзӯӣ ва намоиши китобии “Фӯруғи субҳи доноӣ…”- ро  ташкил намудаан, ки истифодабарандагон  аз он китобҳои дархостиашонро дастрас мегардонанд.

Ҷиҳати иҷрои талаботи амри мазкур кормандони китобхона  барои сафарбар гардидани хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгороне, ки завқи баланди хондану ҳифз кардани осори адибонро доранд, шароит зарурӣ муҳайё намуда, ҳавасмандон метавонанд барои мутолиаи  китоб ва аз худ намудани порчаҳои назмию насрии адибони тоҷик ҳамарӯза ба китобхона ташриф оварда, аз хизматрасонии масъулини китобхона самаранок истифода баранд.

                    Абдуллоева Саодат – корманди    Муассисаи давлатии

                            “Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон

                             ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб”.

SAMSUNG DIGITAL CAMERA

 

                                   

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code