Чорабинии “Дави миллӣ” ва “Марафони велосипетдронӣ” дар шаҳри Кӯлоб

Субҳи барвақт (19.05.2019) дар  саргаҳи  хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб, наврасону ҷавонон, калонсолон, бонувон ва як зумра велосипедронон ба муносибати иштирок дар чорабинии “Дави миллӣ” ва “Марафони велосипедронӣ” ҷамъ омада буданд.

Саравал, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб муовини якуми раиси шаҳр Каримзода С. сухани табрикотӣ намуда, ҳамагонро ба муносибати чорабинии оммавии варзишӣ таҳният гуфт. Қайд намуд, ки “Дави миллӣ ҳамасола бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо иштироки хурду бузурги кишвар  баргузор гашта, мақсад аз баргузории ин чорабинӣ ҷисман ва руҳан тарбия намудани ҷавонон  ва ба камол расонидани онҳо дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ мебошад”.

Баъдан, дар қисмати аввал марафони велосипедронӣ бо иштироки 140 нафар наврасону ҷавонон баргузор гардид, ки аз ин шумора 30 нафарашонро бонувон ташкил менамуданд.

Дар марҳилаи дуюм, “Дави миллӣ” баргузор гардид, ки дар он беш аз 10 ҳазор нафар шаҳрвандон иштирок карда, дар аввал гуруҳи мардон дар масофаи 5км ва баъдан гуруҳи занон дар масофаи 3км давиданд.

Ҷамбасти чорабинӣ дар зери Парчами давлатии шаҳри Кӯлоб доир гардида, иштирокчиёни фаъол бо ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  сарфароз  гардонида шуданд.

Мақсад аз баргузории чунин чорабинӣ ин оммавигардонии рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим байни наврасону ҷавонон мебошад.

Чорабиниро  барномаи  фарҳангии кормандони фарҳанги мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб идома бахшид.

              Бахши матбуотӣ

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code