Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар ДДК ба номи А.Рӯдакӣ

Санаи 15.05.2019 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи муштараки илмӣ-амалии ҷумҳуриявии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва ДДК ба номи А. Рӯдакӣ дар мавзӯи «Тарбияи арзишҳои маънавӣ-ахлоқии насли наврас: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он”   баргузор гардид.

Зимни сухани ифтитоҳӣ вобаста ба мавзӯи кори конференсия қайд карда шуд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба баланд бардоштани тарбияи арзишҳои маънавӣ-ахлоқии насли наврас ва дар ин замина густариши масъулияти волидайн қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро қабул намуданд, ки қобили дастгирист. Маҳз тавассути мусоидати қонуни мазкур тарбияи арзишҳои маънавӣ-ахлоқии насли наврас ва масъулияти падару модар дар беҳбуд бахшидани ин раванд як зумра ноҷуриҳову мушкилот бартараф гардиданд. Мо дар шароите қарор дорем, ки фазои он пур аз ихтилоф мебошад ва агар насли наврас арзишҳои маънавӣ-ахлоқии худро дурусту комил аз худ накарда бошад, хатари ба гурӯҳҳои ифротӣ гаравидани онҳо пеш меояд. Вобаста ба ин раванд ва баланд бардоштани арзишҳои маънавӣ-ахлоқии насли наврас, ки ба масъалаи баланд бардоштани ҳиссиёти миллӣ рафта мерасад, тамоми қишрҳои ҷомеа равона гардидаанд. Ҳадаф аз баргузории конференсияи мазкур мустаҳкам намудани муносиботи илмӣ, таҳким бахшидани ҳамкориҳо дар самти омода намудани кадрҳои илмӣ, густариш додани равандҳои инноватсионӣ, ҷоннок намудани муносибатҳои бисёрҷониба дар бахши баланд бардоштани иқтидори илмӣ ва рушди тахассуси кормандони соҳаи педагогӣ маҳсуб меёбад. Конференсияи имрӯза ба ташаккули арзишҳои маънавӣ-ахлоқии насли наврас, ки солҳои охир яке аз масъалаҳои мубрам ва дар навбати худ калидии сиёсати Ҳукумати Ҷуҳмурии Тоҷикистон қарор гирифтааст, бахшида мешавад.

Дар ҷаласаи пленарӣ 3 маърӯза шунида шуд, аз ҷумлаи:

1.    Нақши омӯзгор дар пешрафти ташкили ҷараёни таълиму тарбия зимни талаботи нави педагогикаи муосир. Иброҳимов г. – н.и.п., дотсенти кафедраи педагогикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ;

2.    Тарбияи ҳисси қарзи инсонӣ – воситаи муҳими ташаккули арзишҳои маънавӣ – ахлоқии хонандагон. Гулмадов Файз – доктори илмҳои педагогӣ, мудири шуъбаи назария ва таърихи педагогикаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон;

3.    Худтарбиякунӣ ҳамчун шарти самаранокии тарбияи ахлоқии хонандагони синфҳои ибтидоӣ. Шарифов Анвар – муаллими калони каедраи психологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ;

4.    Музокирот.

Баъди шунидани маърӯзаҳои ифтитоҳӣ конференсия кори худро дар 2 бахш: “Тарбияи арзишҳои маънавӣ-ахлоқии насли наврас дар ҷараёни таълим”, ки роҳбариашро Иззатова М.- доктори илмҳои педагогӣ, и.в. профессори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба уҳда дошт, 17 маърӯза шунида шуд. Дар бахшд “ Тарбияи арзишҳои маънавӣ – ахлоқии насли наврас берун аз дарс” бошад, ки роҳбариашро Давлатова Н. –номзади илмҳои педагогӣ, мудири кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ба уҳда доштанд, 17 маърӯза шунида шуд.Ногуфта намонад, ки дар кори конференсия маърӯзаҳо аз тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, хосса Акдемияи таҳсилоти Тоҷикистон ва коллеҷҳо пешниҳод гардидаанд.

Дар ҷараёни кори конференсия миёни иштирокчиён ва маърузачиён пурсишу посухҳо сурат гирифтанд Академияи таҳсилоти Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ солҳои зиёд аст, ки равобити мустаҳками илмӣ дошта, танҳо тайи 5 соли охир зиёда аз 20 нафар омӯзгорони унвондор омода намудааст, ки саҳми Академияи таҳсилот басо арзишманд мебошад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code