ДИҚҚАТ ДИҚҚАТ

Муҳтарам шаҳрвандони шаҳри Кӯлоб ва меҳмонон, ҳамасола бо сабаби риоя нанакардани қоидаҳои бехатарии шиноварӣ ва беназорат мондани кӯдакону наврасони ноболиғ дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб дар мавзеъҳои маҷрои дарёҳо, кӯлҳо ва ҳавзҳо боиси хатари ҷони шаҳрвандон ва кӯдакони ноболиғ мегардад.

Бинобар ин аз ҷониби бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Кӯлоб ва шуъбаи Кумитаи  ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз шумо падару модарон ва бародарони азиз эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар давраи гарм будани ҳарорати ҳаво ва давраи таътили тобистона фарзандонатонро бе назорат нагузоред.

Талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро қатъиян риоя намуда, ба фарзандон оиди бехатарӣ ҳангоми шиноварӣ намудан корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронед.

Тавсияҳо оиди пешгирии ғарқшавӣ дар мавсими оббозӣ:

– пеш аз мавсими оббозӣ ҳатман аз ташхиси тиббӣ гузаред;

– пеш аз истеъмоли хӯрок як ду соат дам гиред;

-дар ҳолати ҳарорати ҳаво аз 18 то 22 дараҷа аст будан аз шиноварӣ худдорӣ намоед;

– дар ҷойҳои номаълуми обамборҳо, ҳавҳо ва кулу дарёҳо ба оббозӣ машғул нашавед;

– дар мавзеъҳои оббозие, ки дар он ҷоёҳо оббозӣ кардан манъ аст худдорӣ намоед;

Дар ҷойи махсус оббозӣ намоед ва қоидаҳои бехатариро ҳангоми шиноварӣ қатъиян роия намоед.

Дар ҳамагуна ҳодисаҳои ҳолатҳои фавқулодда ба навбатдорони нуқтаи опративии Маркази идоракунии  бах шва шуъбаи Кумита  бо рақамҳои (83322) 2-16-56, 2-16-57, ва 93-880-29-07 дар ҳама гуна вазъият занг занед.

Доимо дар хотир доред, ки эҳтиёт ними ҳаёт аст.

Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Кӯлоб

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code