Таҷлил 27-умин солгарди таъсисёбиии телевизиони Кӯлоб

Имрӯз (14.05.2019) иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Иноятзода Баҳром ба муносибати 27-умин солгарди таъсисёбиии телевизиони Кӯлоб баҳри табрики кормандон ба муассисаи давлатии Телевизиони Кӯлоб ташриф оварданд.


Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр зимни боздид аз саҳни бино, утоқҳои кории телевизион ва ҷойҳои сабту пахши барномаҳо ба масъулин изҳори ташаккур намуда, барои тақвияти таҷҳизотҳои сабти барномаҳо, таъмири толори мусоҳибаҳо ва заъм намудани ҳусни иловагӣ ба саҳни бино ба роҳбарияти телевизион тавсияву маслиҳатҳо доданд.

Телевизиони Кӯлоб дорои 73 коргар буда, дар ҳайати он «Радиои Кӯлоб» низ таъсис дода шуда, хабару гузоришҳоро ҳамарӯзапешкаши шунавандагон мегардонад.

Телевизиони Кӯлоб 14 майи соли 1992 таъсис ёфта, то ба имрӯз якчанд зинаҳои тараққиётро тай намуда, барои аҳолии шаҳр ва минтақаи Кӯлоб хизмат намуда истодааст.

Ба ин хотир, раиси шаҳр баъди боздид аз рафти фаъолияти телевизион, ба ҳайати кормандон вохӯрӣ гузаронида бо суханони табрикотӣ онҳоро ба муносибати 27-умин солгарди рӯзи таъсисёбии телевизион шодбош гуфт. Инчунин ба директори Телевизиони Кӯлоб Сафаралӣ Бозорзода ва як зумра кормандони фаъол барои саҳми назаррас доштан дар рушду нумӯи шаҳри Кӯлоб ифтихорномаҳо тақдим намуд.

                                      Шокирҷони Карим-мудири бахши матбуотӣ   

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code