Ҷаласаи корӣ оид ба омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб

Субҳи имрӯз 13.05.2019 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати роҳбари гуруҳи кории шаҳри Кӯлоб-Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Иноятзода Баҳром, бо иштироки муовини якум, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳр, муассисаи давлатии назорати сектори хусусӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, раисони маҳаллаҳо, имомхатибон ва роҳбарони корхонаҳои саноатии шаҳр ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа, рафти иҷрои нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб оид ба бунёд, сохтмон ва таъмири асосии иншоотҳои иҷтимоие, ки ба ифтихори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаву маҳаллаҳо ва деҳаҳои шаҳи Кӯлоб дар солҳои 2018 – 2021 тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП-1059 ба нақаша гирифта шудааст, аз ҷониби роҳбари гуруҳи кории шаҳри Кӯлоб таҳлилу баррасӣ гардид.

Махсусан, ба гуруҳҳои кории ҷамоатҳо ва шаҳр ҷиҳати тақвияти корҳои банақшагирифта дастур дода, ҳолати сохтмони иншоотҳои нотамом ва иншоотҳое, ки то ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба нақша гирифта шудаанд, гуфта гузаштанд

 

 

 

 

 

 

 

Раҳмонзода А.А.-Роҳбари гуруҳи кории шаҳри Кӯлоб аз шахсони масъул оид ба таъмири роҳҳо, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва назорати истифодаи он, ба тартиб даровардани гирду атрофи иншоотҳо, хонаҳои баландошёна ва наздиҳавлигӣ, гулу ниҳолшинонӣ дар кӯчаҳои шаҳр ва деҳот, назди идораву корхонаҳо, чароғонкунии кӯчаву маҳаллаҳои шаҳру деҳот дастур дода, барои ҷалби бештари соҳибкорон ба корҳои ободонӣ дар шаҳр, афзоиш додани қувваи корӣ ва иқтидори истеҳсолот дар корхонаҳои саноатиро супориш доданд.

Инчунин аз гуруҳҳои корӣ талаб намуданд, ки ба тозаву озода нигоҳ доштани шаҳр ва тартиби шаҳрдориро риоя намудани сокинон диққати ҷиддӣ дода, омодагиҳоро ҳамаҷониба амалӣ намоянд.

Масъулин вазифадор гардиданд, ки масъалаҳои мазкурро зери назорат гирифта, мунтазам корбарӣ намоянд.

Дар охир ҷиҳати то ҷашни  30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кулли тағйир додани симои шаҳру деҳоти Кӯлоб, бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум   тамоми чораҳои зарурӣ бояд амалӣ карда шаванд, қайд намуд муҳтарам Раҳмонзода А. А.

                                                                                        Бахши матбуотӣ

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code