Омодагиҳо ба ҷашни 28- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни 28 –солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби соҳибкорону саховатмандон бо таваҷҷуҳ баҳри таъмиру азнавсозии роҳҳои дохилишаҳрӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонида истодаанд.

Дар маҳаллаи Ш. Шоҳин, назди бинои навбунёди «Модар ва кӯдак» роҳи пиёдагард ба маблағи 11210 сомонӣ дар масоҳати 190м 2 сафолакпӯш карда шуда, инчунин роҳрави назди бино ба маблағи 15950 сомонӣ дар масоҳати 425 м 2  мумфарш карда шуд.

Дар кӯчаи Пушкин назди ширкати  қаннодии «555» роҳи пиёдагард ба маблағи 2950 сомонӣ дар масоҳати 50 м сафолакпӯш  карда шуд.

Аз ҳисоби ҶСШК «Шабакаҳои барқ»-и шаҳри Кӯлоб ба маблағи 18880 сомонӣ дар масоҳати 320 м 2  роҳҳои  пиёдагарди кӯчаи Абдураҳмонов назди ҶСШК «Шабакаҳои барқ»-и шаҳр сафолакпӯш гардида, канорҳои бетонии роҳҳ (бардюрҳо) дар ҳаҷми 42 м2 сохта шуд.

Хиёбони И. Сомонӣ назди мағозаи Бадахшон-хонаи «Бахт», маҳаллаҳои Борбад нади бинои клиникаи «Хунгузаронӣ», Ш. Шоҳин назди беморхонаи «Дил» ва назди  «Раёсати сохтмони асосӣ»  аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ ва ташкилоту муассисаҳо сафолакчинӣ карда шуданд, ки дар маҷмуъ, дар се моҳи соли равон  ба маблағи 190289 сомонӣ дар масоҳати 2957 м2 роҳҳои пиёдагард сафолакпӯш карда дуда,  дар назар аст, ки аз ҳисоби соҳибкор Шарипов Зафар бо масофаи 3000 м2 роҳи нақлиётгард мумфарш карда мешавад.

Бо ҷалби шаҳрвандон ва ҳамкорӣ бо раисони маҳаллаҳо барои таъмир ва сангфарш намудани роҳҳои нақлиётгард масъалагузорӣ рафта истодааст.

                                                                                  Бахши матбуотӣ

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code