Таҷлили 74-умин солгарди Рӯзи Ғалаба

Субҳи имрӯз 74-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки  иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр, муовинон, ҳайати кормандон, ветерантҳои ҷангу меҳнат, собиқадорон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, зиёиён ва дигар фаъолони шаҳр дар Боғи ғалабаи шаҳр доир карда шуд.

Сараввал, аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр муҳтарам Иноятзода Баҳром ва баъдан аз ҷониби собиқадорони ҷангу меҳнат ба хотири ёди шаҳидону гузаштагони Ҷанги Бузуги Ватанӣ назди муҷассамаи афсари номаълум гулчамбар гузошта шуд.

Баъдан, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр суханронӣ намуда, ҳайати собиқадорони ҷангу меҳнат ва дар маҷмуъ иштирокдоронро ба фарорасии 74-солагии ба даст овардани ғалабаи Иттиҳоди Шӯоавӣ аз болои фашист дар Ҷанги Бузуги Ватаниро табрику муборакбод намуда, аз шӯҷоату қаҳрамониҳои абармардони Кӯлоб дар ҷанг ёдоварӣ намуд.

Дар баромади худиҷрокунандаи вазифаи  раиси шаҳр қайд намуд, ки «Дар ин лаҳзаҳои фаромӯшнопазир бо қаноатмандӣ ва ифтихори бузург изҳор менамоям, ки дар қатори дигар халқу миллатҳо фарзандони накӯному шуҷоатпешаи Кӯлоби бостонӣ барои ба даст овардани Ғалаба бо шуҷоату матонат қаҳрамонона ҳалок гардидаанд.

Ҳафтоду чор сол муқаддам дар ҳамин гуна рӯзҳои баҳорон хабари маҳви фашизми гитлерӣ, анҷоми музаффаронаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва муҷдаи Зафар дар рӯи олам танинандоз гардид».

Ҳамчунин Бегкматов Мирзо-иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ баромад намуда, аз даврони ҷанг ёдоварӣ намуд. Дар баробари ин ҷавононро барои сина сипар кардан барои  Ватан, дар ҳама маврид, таъкид намуд.

Дар асоси пешниҳоди иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр давоми чорабинӣ ба сӯҳбати озод  оид ба пешрафту шукуфоӣ ва рушду нумӯи шаҳри Кӯлоб доир гардид. Дар ин радиф як қатор собиқадорон, аз ҷумла Мирзоев Ҳ.-раиси ташкилоти ҷанговарони Афғонистон дар Тоҷикистон, Қурбонов А.-раиси собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Кӯлоб, Бозорзода С.-директори ТВК, Зафар Мирзоиён-мушовири ректори ДДК, Саид Салим-собиқадори меҳнат, Зардиев А.-собиқадори меҳнат, Каримов Ҷ.-роҳбари ташкилоти маъюбони Чернобел ва дигар фаъолони шаҳр дар баробари табрикоти худ ба муносибати Рӯзи Ғалаба, инчунин марому мақсадҳои худро баҳри ҳамкориву ҳамфикрӣ ва пешниҳодҳои муфид дар ҷодаи пешрафту тараққии шаҳр иброз намуданд.

Баъдан қисмати фарҳангии чорабинӣ бо суруду рақсҳои ҷаззоби ҳунармандони шаҳри Кӯлоб ба чорабини ҳусни хосса бахшид.

                                                                           Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code