Табрикоти иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Кӯлоб, узви ММ МО ҶТ муҳтарам Баҳром Иноятзода дар тантанаи рӯзи 74 солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945

Муҳтарам падарону бобоёни шуҳратёр!

Ҳозирини гиромӣ!  

 Мо имрӯз шоҳиди боз як рӯйдоди фараҳбахш ва дар саҳифаҳои таърихи фарҳанги пурғановати диёри бостониамон басо хотирмон, таҷлили ботантанаи 74 – солагии Рӯзи Ғалаба аз болои фашизм гардида, истодаем.

Фарорасии ин рӯзи таърихӣ, ки барои тамоми мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ санаи басо муҳим мебошад ба ҳар як сокини сарбаланди бостоншаҳр,  иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва оилаҳои саробонашон дар ҷанг ҳалок гашта, муборакбод намуда, саломативу хушбахтӣ, сар-баландиву некномӣ, осмони софу рӯзгори орому осоиштаро таманно менамоям.

Дӯстони азиз!

Дар ин лаҳзаҳои фаромӯшнопазир бо қаноат-мандӣ ва ифтихори бузург изҳор менамоям, ки дар қатори дигар халқу миллатҳо фарзандони накӯному шуҷоатпешаи Кӯлоби бостонӣ барои ба даст овардани Ғалаба бо шуҷоату матонат қаҳрамонона ҳалок гардидаанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳафтоду чор сол муқаддам дар ҳамин гуна рӯзҳои баҳорон хабари маҳви фашизми гитлерӣ, анҷоми музаффаронаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва муҷдаи Зафар дар рӯи олам танинандоз гардид. Бояд гуфт, ки ин ҷанги даҳшатнок таъсири худро ба ҳар як хонадони мардуми Тоҷикистон гузошт. Аз Тоҷикистон садҳо ҳазор ҷавонмардон ба ҷабҳаи набардҳои хунин рафтанд ва дар ин роҳ корнамоиҳои бемисл нишон доданд. Қисми зиёди фиристодагони Тоҷикистон дар набардҳои шадиди ҷанг ба хотири адо кардани қарзи фарзандии хеш ҳалок шуданд, ки номи неку корномаи онҳо дар саҳифаҳои таърихи халқамон абадан сабт гардидааст. Ҳарчанд ки майдони ҷанг аз Тоҷикистон хеле дур буд, вале таъсири он дар ҳамаи гӯшаву канори он ва ҳар як хонавода мушоҳида ва эҳсос мегардид.

Саҳми халқи тоҷик дар таъмини ғалаба ва дар ақибгоҳ хеле назаррас буд. Агар дар солҳои ҷанг ақибгоҳи мустаҳкаму тавоно намебуд ва фидокориву саҳми шабонарӯзии заҳматкашон намешуд, ҳаргиз чунин ғалабаи бузург таъмин намегардид.

Корномаву диловарии фарзандони ба ору номӯси он солҳо ҳамеша намунаи ибрати наслҳои имрӯзаву оянда хоҳад буд, чун ки омӯзиши таҷрибаи онҳо, маслиҳатҳои муфид ва насиҳатҳои падарона, кору пайкор ва зиндагиву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ба наслҳои имрӯз ва фардои миллати тоҷик барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва пешрафта ҳамеша дастури зиндагиву фаъолият мебошад.

Имрӯз, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлол дар арсаи олам мақому манзалати хоса пайдо кардааст, сиёсати сулҳпар-варонаи худро ҳамеша эълон медорад. Ҷонибдории сулҳи минтақа ва кулли курраи арз ҳамчун садои дили мардуми сулҳдӯсту инсонпарвари тоҷик дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар-амон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди умумиҷаҳонӣ бозгӯи рисолати азалии сулҳдӯстию инсон-парварии тамоми тоҷикону тоҷикистониён аст.

Солҳо мегузаранд, наслҳои дигар дар олами ҳастӣ чашм во мекунанд, вале қаҳрамониҳои безаволи падарону бобоёни шарафманд, хотири неки онҳое, ки барои ҳифзи хоки муқаддаси Ватан дар майдонҳои ҷанг ҷон нисор кардаанд ва онҳое, ки бо мурури замон, бо ҳукми тақдир ҳаётро падруд гуфтаанду  барои асрҳои дигару наслҳои минбаъда аҳамияти худро гузоштаанд, фаромӯш нахоҳанд гардид. Ҷоннисории  падару бобоёни мо хушдор медиҳанд, ки тинҷию амонӣ, сулҳу ваҳдат, ҳамзистии осоишта ва муттаҳидию ҳаммаромӣ беҳтарин неъмати тақдир ва таърих аст.

Бори дигар ҳамаи иштирокчиёни ҷанг, собиқа-дорони меҳнат ва кулли ҳамватанони азизро бо Рӯзи ғалаба табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо рӯзгори обод, сулҳу осоиш ва файзу баракат орзумандам.

Ҷашни ғалаба муборак, ҳамватанони азиз!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code