Аёдати собиқадорони меҳнат аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳадти миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсони собиқдори ҷангу меҳнат таҳти ғамхорӣ ва дастгирии давлату ҳукумат қарор доранд.

Ба ин хотир, ҷиҳати фарораси 74-умин солгарди Ҷанги Бузурги Ватанӣ тӯҳфаҳои иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр аз ҷониби муовини якуми иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр ба ҳашт нафар собиқадрон, ки аксарият русзабон ва муқимии шаҳри Кӯлоб мебошанд, расонида шуд.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр баҳри болидаруҳии онҳо ва қадр намудани хизмату меҳнати онҳо барои сарзамини Тоҷикистон ва махсусан шаҳри Кӯлоб ба онҳо кӯмакҳои пулӣ ва маводҳои ғизоӣ, аз қабилӣ  орд, гӯшт, равған, биринҷ, макарон ва шакар расониданд.

Ҳамчунин онҳоро аз номи  иҷрокунандаи вазифаи  раиси шаҳр ба муносибати 9 май-Рӯзи Ғалаба табрику таҳният гуфтанд.

Собиқадорони ҷангу меҳнат миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Кӯлоб барои чунин қадрдониҳо изҳор доштанд.

Собиқадорони ҷангу меҳнат, нафақахурони яккаву танҳо, маъюбону ятимон ва эҳтиёҷмандон  таҳти ғамхориву сарпарастии пайвастаи давлату ҳукумат  қарор доранд.

                                                                                     Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code