Туҳфаи раиси вилоят ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Санаи 7-юми майи соли 2019 бо дастури раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзоза Қурбон ба муносибати 9 май- Рӯзи ғалаба  туҳфаи раиси вилоят ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании шаҳри Кӯлоб расонида шуда, аз ҳолу аҳволи онҳо пурсон гардиданд.

Бояд қайд намуд, ки айни замон дар шаҳри Кӯлоб ҳамагӣ се нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз қабили Мирзо Бекматов, Шарифов Ғулом ва Холматов Дилдор дар қайди ҳаёт ҳастанд.

Ҳангоми вохӯрӣ намояндагон туҳфаи раиси вилоятро ба ҳар як нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба миқдорӣ 1500 (ҳазору панҷсад) сомонӣ ҳамчун кӯмак расонида, барои хизматҳои шоёнашон ба онҳо арзи сипос низ гуфтанд.

Ветерантҳои шаҳри Кӯлоб ба ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилоят миннатдории самимӣ баён намуда, изҳор намуданд, ки ҷонибидори сиёсати Пешвои миллат буда, дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ саҳмашонро мегузоранд.

Ин гуна шахсони хизматнишондода зери таваҷҷҷуҳ ва ғамхории роҳбарияти олии ҳукумати мамлакат қарор доранд.

                                                                                     Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code