Озмуни “Сад ранги чакан” ҷамъбаст гардид

Бо иқдомоти наҷиби дурбинонаву ояндасози Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри баланд бардоштани мақому манзалати нақшу нигор, сӯзандӯзиву гулдӯзии матоъҳои миллӣ, намоиш додани ҳунари волои тарроҳону ҳунармандон дар 13-умин ҷаласаи Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Порт- Луиси Ҷумҳурии Маврикий номинатсияи «Чакан»-ҳунари гӯлдӯзӣ» дар Ҷуцмҳурии Тоҷкистон ба мероси фарҳнги ғайримоддии башарият расман ворид гардид, ки ин бевосита заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, боиси ифтихори мардуми сарбаланду фарҳангсолори тоҷик мебошад.

Дар ин росто, санаи 4 майи соли  равон ҷиҳати иҷрои банди 6 Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 тасдиқ шудааст, бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ниҳоии Фестивали “Сад ранги чакан” дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар он намояндагӣ аз шаҳри Кӯлоб шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳамроҳ бо 20 нафар  ҷавондухтарон  ширкат намуда, баҳри саҳми сазовор гузоштан дар руҳияи меҳанпарастӣ, арҷ гузоштан ба мероси фарҳанги ниёгон, эҳёи анъанаҳои миллӣ, тарбия намудани насли ҷавони худогоҳу хештаншинос ва муаррифгари як навъи қадимаи гулдӯзии миллӣ-Чакан сазовор ба Дипломи Кумиати кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.

 

                                                                                     Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code