ОНҲО БАРОИ ВАТАН ҶАНГИДААНД

Дар таърихӣ инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар айён мегардад. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом дорад. Ҳаёт ва фаъолияти пуршарафи собиқадорони Ҷанги Бузурги  Ватанӣ ҳар як фарди тоҷикро ба корҳои  ободонию созандагӣ, таъмини гул-гулгулшукуфии Ватани азизамон ҳидоят менамояд. Шуҷоату  мардонагӣ  ва  ватандӯстии   онҳо имрӯз барои мо намунаи ибрат ва сабақ аст.

Бахшида ба ин рӯз санаи 7.05.2019 кормандони Муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб»  дар ҳамкорӣ  бо  хонандагон ва омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 40  вохӯрии хонандагонро бо ҷанговарони башардӯст таҳти унвони «Ёде аз гузашта» баргузор  намуданд. Дар вохӯрӣ   Бобоев Абдусаттор-ҷанговари башардӯст, Хоҷаев  М. муаллими фанни дифои ҳарбӣ ҳузур доштанд,ки аз хотироти  хеш ёдовар гашта, барои баргузории чунин як вохӯрии гарму ҷӯшон изҳори миннатдории хешро иброз намудаанд.

Инчунин Абдуллоева Саодат-муовини директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин  Айнӣ  дар шаҳри Кӯлоб»  бо сухани хотимавӣ баромад намуда, меҳмонон, омӯзгорон ва хонандагонро бахшида ба ин санаи муҳими таърихӣ табрику таҳният намуд. Дар фарҷоми вохӯрӣ  меҳмонон  бо  тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

            Обидов Саймуҳаммад-  директори Муассисаи давлатии

«Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон

ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб».

SAMSUNG DIGITAL CAMERA

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code