ЯРМАРКАИ ҶОЙҲОИ ХОЛИИ КОРӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

Рӯзи 3-юми майи соли равон дар саҳни бинои Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Саидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб дар асоси нақша чорабиниҳои Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон ярмаркаи минтақавии ҷойҳои холии корӣ барои муассисаҳои давлатии шаҳру ноҳияҳои Кӯлобу Восеъ, Фархору Темурмалик ва Муъминобод гузаронида шуд.

Тавре ки Қурбоналӣ Дӯстмуродов, сармутахассиси Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии минтақаи Кӯлоб ба мо иброз дошт, имрӯз дар ин чорабинӣ аз тарафи Агентии мазкур 410 ҷойҳои холии корӣ пешниҳод гардид. Дар натиҷаи муроҷиати шаҳрвандони бекор 36 нафар ба ҷойи кори доимӣ, 8 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ, 71 нафар ба касбомӯзӣ ба мисли гулдӯзӣ, чакандӯзӣ, дӯзандагӣ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб роҳхат гирифтанд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code