Туҳфаи Пешвои миллат ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Санаи  6-юми майи соли 2019 бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 9- май- Рӯзи ғалаба  намояндагон ба табрики иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании шаҳри Кӯлоб омада, аз ҳолу аҳволи онҳо пурсон шуданд.

Бояд қайд намуд, ки айни замон дар шаҳри Кӯлоб ҳамагӣ се нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз қабили Мирзо Бекматов, Шарифов Ғулом ва Холматов Дилдор дар қайди ҳаёт ҳастанд.

Ҳангоми вохӯрӣ намояндагон туҳфаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳар як нафари иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба миқдорӣ 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ ҳамчун кӯмак расонида, барои хизматҳои шоёнашон ба онҳо арзи сипос низ гуфтанд.

Ветерантҳои шаҳри Кӯлоб ба ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимӣ баён намуда, изҳор намуданд, ки ҷонибидори сиёсати Пешвои миллат буда, дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ саҳмашонро мегузоранд.

Ин гуна шахсони хизматнишондода зери таваҷҷҷуҳ ва ғамхории роҳбарияти олии ҳукумати мамлакат қарор доранд.

                                                                                     Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code