Қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳр

Ҳар ҳафта аз ҷониби раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Хайрулло Амонулло қабули шаҳрвандон гузаронида мешавад.

Санаи 4 майи  соли 2019 қабули шаҳрвадон аз тарафи  раиси шаҳр доир карда шуд.

Раиси шаҳр шаҳрвандоро бо як руҳияи болида қабул намуда, аз аҳволи онҳо хабардор шуда, дархосту муроҷиатҳои онҳоро дида баромад.

Дар қабули мазкур зиёда аз 14 нафар шаҳрвандон бо дархосту муроҷиатҳои худ, оид ба масъалаҳои гуногун, аз ҷумла, ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ, хоҷагии деҳқонии пахтакорӣ, бунёди ҳавзҳои моҳипарварӣ, бунёди боғ, аз ҷумла, боғҳои интенсивӣ, вобаста намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ,  санади қаули сохтмони иншоотҳои ба анҷомрасида,  инчунин дархосту ҳамаи пешниҳодҳо ҳалли худро ёфта муроҷитакунандагон аз қабули раиси шаҳр қаноатманд шуданд.

Бахши матбуотӣ

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code