Консерти бошукӯҳ ба инфтихори дастовардҳои ин варзишгари шаҳри Кӯлоб

Мақомти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барои рушди варзиш ва оммавӣ гардонидани он чораҳои дахлдорро амалӣ намуда истода, тамоми шароитҳои зарурӣ ҷиҳати машғул шудан ба намудҳои гуногуни варзиш дар шаҳру деҳоти Кӯлоб фароҳам оварда шудааст.

Бояд қайд кард, ки варзишгари шаҳр Сорбон Лативов дар мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба самбои муҳорибавӣ иштирок намуда,  ду маротиба сазовори ҷойҳои намоён  гаштааст.

Бо ташаббуси мақомти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб рӯзи  2 майи соли ҷорӣ дар Амфитеатри  шаҳри Кӯлоб консерти бошукӯҳ ба ифтихори ин варзишгар  баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур ҳунармандони ҷумҳурӣ аз қабили, Сурайё Қосимова, Зафари Аюбӣ, Бахтиёр Раҳимов, Фируза Ҳафизова, Матлуба Раҳимова, Мавзуна Маҳмамзода,  Нишонаи Рустам,  ширкат варзиданд.

Қабл аз оғози барномаи  фарҳангӣ  муовини раиси шаҳри Кӯлоб  Исмоилода С. ба 2 – карат чоизадори чемпиони  ҷаҳон  оид ба самбо Сорбон Латипов бо тантана калиди хонаи  истиқоматриро тақдим намуда, қайд намуд, ки мо аз ин ҷавономари шаҳри Кӯлоб ифтихор  дорем, ки Сорбон Латипов дар арсаи байналмилалӣ парчами Тоҷикистони азизамонро баланд намуд.

Дар ин консерти бошокӯҳ зиёда аз 10 ҳазор тамошобинон ширкат варзида, аз суруду рақсҳои ҳунармандон ғизои маънавӣ гирифта, вақти худро хуш гузарониданд.

Дилором Файзова- мутахассиси бахши матбуотии МИҲД-и ш. Кӯлоб

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code