КАБИРИ РОҲБАРИ ҲИЗБИ ТЕРРОРИСТИЕ АСТ, КИ МИЁНИ МО МЕХОҲАД НИЗОЪ АНДОЗАД!

ВОКУНИШ. Мусаллам аст, ки гурӯҳҳо ва ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ё худ ифротӣ саъй мекунанд, то идеологияи харобиовари худро дар рӯи олам пиёда созанд. Чунин идеологияи харобиовар солҳои 90-ум дар Тоҷикистон то ба дараҷае вазъияти ногувореро ба миён овард, ки дар дохили мамлакат моҷаро сар зад ва он ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил ёфт. Ҳақиқатан набудани амният дар дохили мамлакат боиси таназзули пешрафту мувафақиятҳо гардид. Бетартибиҳои сиёсии рухдода сабаби ҷанги бародаркушӣ дар Тоҷикистон шуд. Аз таъсири ин ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ Тоҷикистон хисороти зиёд дида, тамоми механизми идораи қудратӣ ва истеҳсолӣ заифу нотавон гардиданд. Хушбахтона, бо шарофати талошҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдти миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати мо соҳибистиқлол гардида, имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои ҳамдилию ҳамбастагӣ баҳри ободии ватан ҷаҳду талош доранд.

Дар ҷаҳони имрӯза махсус гурӯҳҳои манфиатхоҳе пайдо шудаанд, ки барои манфиатҳои иқтисодиву сиёсӣ ва амалӣ сохтани ҳадафҳои геопалитикиву геостратегӣ мубориза мебаранд. Чунин гурӯҳҳои манфиатхоҳ ба хотири тарсонидани мардум аз роҳҳои гуногуни қатли ваҳшиёна истифода мебаранд, ки ин кирдор ба гурӯҳи ҷиноятҳои махсусан вазнин дохил мешавад. Аз ҷумла, терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои муташаккил низ ба чунин гурӯҳи ҷиноятҳо дохил мешаванд, ки амнияти давлатиро халалдор месозанд. Мутаасифона, ҳаст баъзе ҷавонони кишварамон, ки ба доми фиреби ин гурӯҳҳои ҷиноятпеша афтода, рӯзгори осудаву ором, Ватани ободу шукуфон, падару модар ва ҳамсару фарзандони худро тарк менамоянд ё бо ҳамсару фарзандон ба онҳо мепайванданд. Ҷои пинҳон нест, ки нафарони ба доми гурӯҳҳои ифротӣ ё террористиву экстремистӣ афтода дониши қазоии диниву дунявӣ надоранд ва аз фармудаҳои дини мубини ислом низ фарсахҳо дуранд. Ҳол он ки дар иртибот ба ин масъала, қариб, ки ҳамарӯза дар тамоми ВАО-и кишвар барномаҳо ва дар ҳамаи шаҳру навоҳии мамлакат то ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, маҳаллаҳо, ҳатто хона ба хона вохӯриву суҳбатҳо ва мулоқотҳои роҳбарияти мақомотҳои дахлдор, эмомахатибон, сиёсатшиносон, ҳуқуқшиносон ва зиёиён бо аҳолӣ ба роҳ монда шудаву идома доранд.

Афсӯс, ки ҷавонони кӯтоҳандеш ба хабару ҳодисаҳои даҳшатоваре, ки аз дасти ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва ифротӣ дар олам рух медиҳад, сарфи назар мекунанду худро ба вартаи ҳалокат меафкананд.

Садҳо далелҳое исбот шудаанд, ки аъзои ТТЭ ҲНИ ва Гурӯҳи 24 таҳти роҳбари хоини миллату давлати тоҷикон Муҳиддин Кабирӣ ва дигар шариконаш ба куштори даҳҳо нафар шаҳрвандони бегуноҳ ё ҷалби эшон ба гурӯҳи террористӣ тасдиқи худро ёфта, шахсони камсаводу бетаҷрибаро ба гурӯҳҳои ифротии худ таҳти фишор ҳамроҳ намуда, барои анҷоми амалҳои хоинона бар зидди Ватан-модар ва миллати хеш равона месозанд. Бештар ҷавононе ба ин ҳолатҳо меафтанд, ки на савод доранду на касбу ҳунар ва на хизмати ҳарбиро ба ҷо овардаанд.

Хулоса, мо аҳли ҷомеа бояд аз ин ҳодисаҳои рухдодае, ки ба сари ҳамватани мо Собиршо Ҳасанов ва монанди ин даҳҳои дигар дарси ибрате шаваду дар якҷоягӣ бар зидди гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва ифротии ҲНИ, Гурӯҳи 24 ва ғайраҳо ҳамеша дар муборизаи шадиди идеологӣ қарор дошта бошем ва нагузорем, ки ин хоинону душманони миллату давлати мо вазъро ноорому ҳаёти осоиштаи мардумро халалдор созанд. Зеро танҳо таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳу осоиш, оромиву суботи сиёсии кишвар моро ба қуллаи умеду орзуҳо ва рӯзгори ободу пурнишот мерасонад.

 

Бозорзода Сафаралӣ – Узви гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code