Риоя ва эҳтироми фарҳанги миллӣ нишонаи ватандӯстӣ

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иҷрои банди 25 протоколи машваратии назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 марти соли 2019, №1К/16-3 ва тибқи дастуру супоришҳои Хукумати Ҷуиҳурии Тоҷикистон бо намояндагии корманди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар шаҳру деҳоти Кӯлоб миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа вохӯриҳо доир карда шуд.

         Гуруҳи корӣ рӯзҳои 29 апрел то 01 майи соли равон вохӯриву мулоқотҳои худро бо занони хонашин,  фаъолзанон, донишҷӯён, омӯзгорон, кормандони соҳаи тиб, имомхатибон ва дигар шахсон дар марказҳои ҷамоатҳои деҳоти Зиракӣ, Даҳана, Кӯлоб ва маҳаллаи Қ.Зардак, инчунин дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, маркази солимии репродуктивии шаҳр ва қисмати ҷамъбастии онро дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб баргузор намуданд.

         Дар вохӯриҳо гуруҳи корӣ оид ба масъалаҳои ҳисси ватандӯстиву ҳуввияти миллии занону ҷавонон, ҳимояи марзу бум ва хизмати модар-Ватан, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, ба ин васила тарғиби либоси миллӣ ва пешгирии бегонапарастӣ, нигоҳ доштани мафкураи зеҳнии ҷавонон аз таъсири ҳама гуна ғояҳои бегонапарастӣ миёни иштирокдорон сӯҳбату мулоқотҳо анҷом доданд.

         Баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ҳуввияти миллӣ, аз байн бурдани бегонапарастӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бо масъулияти кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тибқи нақшаи корӣ мунтазам ба роҳ монда шуда, идома ёфта истодааст.

                                                                                     Бахши матбуотӣ

 

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code