Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» барои таъмини ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати иҷрои банди 32-и Нақшаи чорабиниҳои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, №АП-984 барои  бунёди минтақаи озоди иқтисодӣ дар шаҳр пешниҳоди асоснок ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ирсол намуд.

 Гуруҳи кории байниидоравӣ доир ба ташкили минтақаҳои озоди иқтисодии дигар дар ҳудуди ҷумҳурии назди вазорат пешниҳодро мавриди баррасӣ қарор дода, аъзои  он бо роҳбари Гуруҳи кории мазкур муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ муҳтарам Ҷуразода Т.  ба шаҳр ташриф оварда бевосита аз майдони интихобшуда дидан намуданд.

Бо назардошти он, ки дар   ҳудуди ин қитъа оби нӯшокӣ, дар шафати қитъаи замини мазкур Фурудгоҳи байналмилалӣ ҷойгир ва  роҳи автомобилгард то роҳи оҳан мавҷуд буда, хатти барқи баландшиддат дар масофаи 5 км дуртар мегузарад ва истгоҳи роҳи  оҳан дар масофаи 12 км ҷойгир мебошад, ба мақсад мувофиқ шуморида шуд.

Бо дастгирии Пешвои миллат  қарор оид ба таъсиси минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» тибқи қарори Ҳукумати ҶТ аз 01 марти соли равон, №97 дар майдони 309,2 га тасдиқ гардид.

Ҳадафи асосии таъсиси минтакаи озоди иқтисодии саноатӣ ин  таъмини самараноки иқтисодиёт, тараққӣ додани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ, афзун намудани иқтидори содиротии ҷумҳурӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба шумор меравад.

Вобаста ба фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ гуруҳи корӣ аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ бо роҳбарии сардори сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳо Насриддинова Р., Розиқов Фариддун сардори раёсати маъмуригардонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ., дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр семинари омӯзишӣ гузарониданд. Дар семинар соҳибкорон, соҳибмулкони корхонаҳои саноатӣ, кормандони нозироти андоз,  муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, шабакаҳои барқ, кумитаи идораи замин, сармеъмор ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

 Семинарро муовини соҳавии раиси шаҳр кушода, барои ғамхории навбатӣ ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории сокинони шаҳру деҳотро баён намуда, сипас сухан ба Ҷовид Ҳусейнов  сармутахассиси раёсати маъмуригардонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дода шуда, ӯ ду рӯнаморо оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ, фаъолият намудан дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, имтиёзҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа иштирокдоронро шинос намуд.

Баъд Тайфуров С. –муовини роҳбари МОИ “Данғара” баромад намуда, оид ба ташкил ва фаъолияти минтақаи мазкур маълумот дода, қайд намуд, ки дар баробари ҷалби сармояи хориҷӣ барои соҳибкорони маҳаллӣ низ шароити хуби фаъолият дар минтақаи озоди иқтисодӣ муҳайё мебошад.

 Иштирокдорон ба баромадкунандагон саволҳо дода посухҳои дақиқ гирифтанд.

Бо бовари  комил гуфтан мумкин аст, ки минтақаи озоди иқтисодӣ “Кӯлоб” барои ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ва дохилӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ ва дар ин замина фароҳам овардани ҷойҳои нави муносиби корӣ  ва зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулот мусоидат хоҳад намуд. Мавриди зикр аст, ки тибқи низомнома 90 фоизи кормандон аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ пешбинӣ шудааст.

                                                                                                  Шуъбаи иқтисод ва савдо

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code