Аз ҳунару ҳунарварии хеш ифтихор дорам!..

Тавре ба ҳамагон маълум аст, Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунармандӣ” эълон доштанд, ки аз ҷониби сокинони кишвар хуб пазируфта шуд.

 Дар манзари қайди боло ҳунармандони ҳунарҳои мардумии шаҳри Кӯлоб низ рӯҳу илҳоми тоза гирифта, аз пайи машғулияти дӯстдоштаи хеш гардиданд.

Азизова Шарафнисо, аъзои Иттифоқи ҳунармандони шаҳри Кӯлоб-қаламзан, чакандӯзу дӯзандаи чирадаст, ботаҷриба ва шинохтаи Кӯлоби бостонӣ яке аз ин афроди волоҳунар мебошад. Соли 2018 ба гирифтани унвони “Беҳтарин қаламзани чакандӯз – 2018” мушарраф гардид.

 Модари 5 фарзанд.

– Шарафнисо, ба ростӣ, касбу ҳунареро, ки шумо интихоб карда, мазмуни зиндагии хешро  дар он дидаед, ба андешаи камина, боиси ифтихори шумо ва арзандаи ҳамагуна ҳурмат эҳтиром аз ҷониби атрофиён аст. Албатта, барои сазовор гардидан ба чунин эътирофу эҳтиром аз ҷониби шумо заҳмат сарф гардида, то ба ин мақому мартаба бирасед. Мегуфтед, ки ин ҳунаратон аз кадом айём дар қалби шумо ҷо гирифта?

– Бале, ҳамин гуна ҳам ҳаст. Ҳанӯз дар синфи чорум таҳсил карданам ин касби нозуку сабрталабро аз холаи падарам омӯхтам. Гуфтан мумкин, ҳунарварӣ аз айёми кӯдакӣ дар қалбам маъво гирифт!

Нағз дар хотир дорам. Модари ҷону дилам ҳанӯз барвакт бо дунёи мо – азизонаш падруд гуфтанд. Ёдашон ба хайр! Он замонҳо духтараконро ҳарчи зудтар, ҳанӯз аз айёми кӯдакӣ бо корхои хонагӣ, бо ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили дӯзандагию пухту паз ошно мекарданд, то дар оянда ҳамчун соҳибҳунар ба воя бирасанд, ки ин омил талаботу зарурати рӯзгору зиндагӣ ба шумор мерафт.

 Дар синфи чорумиам холаи падарам – холаи Гавхарбӣ манро ба наздаш хонда, гуфт ки ҳунарҳояшро ёд гирам. Ин қаламзанию чакандӯзӣ буд. Аз ҳамон рӯз омӯхтанро сар кардам. Аз назди устодам баргашта, дар хона худи ҳамон рӯз нақшзанию гулдӯзиро сар кардам. Дар синфи шашумиам аллакай озодона қаламзанию нақшзанӣ ва шерозбофиро хуб ёд гирифтам. Ба наздам акнун духтарони ҳамсояҳо омада, муроҷиат мекарданд, ки барои онҳо, ҳамчун мисол, болиштҳои арусӣ ва шероз бибофам. Бар ивази кори кардаам онҳо ба ман маблағе медоданд, ки гарчанде шароити зиндагиамон бад набуд, бо вучуди он боз хам бехтар мегашт.

 Дар воқеъ, он замон дар қалби ман на фикри пулу маблағе, балки меҳру муҳаббат нисбати ин касб боло гирифта буд, ки атрофи маблағ барои хизмати кардаам ҳатто фикр ҳам намекардам. Гарчанде, ин маблағ қадри ҳунар ва меҳнату заҳмати ҳалолам буд.

Пайхас мекардам, ки ба ин касб бениҳоят сахт дил бастаам. То ба шавҳар баромаданам хамин касбам бароям мазмуни зиндагиам ба шумор мерафт. Аз маҳсули меҳнатам ҳам лаззат мебурдам, ҳам фоида медидам.

 Худ модар гаштам, муддате машғулияти нақшзанию чакандӯзиро ба канор гузоштам. Чаро ки, бештари вақтамро ба тифли навзодам бахшида будам. Эхё ва аз сари нав бо ҳунари дӯстдоштаам машғул шудан ба ҷашнгирии санаи мубораки “2700-солагии Кӯлоб” рост омад, ки бо ташаббуси Сарвари давлатамон, Асосгузори сулху вахдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омад. Ба тадриҷ, боз ба кор дода шудам. Рӯзе ду ё се нафар муроҷиат мекарданд, то барояшон куртаи чакан дӯзам ё қалам бизанам. Бояд гуфт, ки қаламзанӣ худ як ё ду рӯз давом мекунад. Чакандӯзӣ бошад, аз 15 то 20 рӯз давом мекунад. Албатта, кор заҳматталаб аст. Вале вақте кас касбашро дӯст медорад, мушкилоту хастагиро ҳис намекунад, баръакс, аз маҳсули меҳнаташ ҳаловате мебардорад. Бемисл! Нотакрор! Басо волою боло, ки дарк карданаш танҳо ба шахси соҳибҳунар даст дода!..

 Бо гузашти солҳо худам ҳам хушдоман шудам, ба келинҳоям низ ин ҳунарро омӯзонидам. Солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёхӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид ва диққату таваҷҷуҳ ба ҳунармандон, ҳунари ҳунармандон низ афзӯд, ки ин боиси хурсандии мо ҳунармандон низ гашт.

Каминаро аъзои Иттифоқи ҳунармандони шахри Кӯлоб қабул кардаанд. Дар ҳама чорабинихои шаҳрию вилоятӣ иштирок мекардам. Дар озмуни вилоятии “Бонуи ҳунар” ва “Сад ранги чакан” мақоми аввалро ишғол карда, ба гирифтани туҳфаҳою ифтихорномаҳо ва гранти Президентӣ дар ҳаҷми 20 000 сомонӣ мушарраф гардидам.

 Ин ҳама дастовардҳоям подоши ҳунари доштаам мебошад, ки ба шарофати қадрдонӣ ва дастгирии бевоситаи Сарвари давлатамон, Ҷаноби Олӣ, мухтарам Эмомалӣ Рахмон, ки ба ҳунарҳои миллию мардумии Тоҷикистони азизамон ҳусни таваҷҷуҳи баланд зоҳир кардаанд, мушарраф гардидаам.

Арзи сипос ба Ҷаноби Олӣ, Пешвои муаззами миллатамон барои чунин ғамхориҳо ва дастгириҳояшон нисбати ҳунару ҳунарманд!

                                                    Суҳбаторо-   Ситорабону ОДИНАЕВА

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code