Семинари омӯзишӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии шаҳрвандон оид ба ВНМО

Санаи 30 апрели соли 2019 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки намояндагони  Маркази пешгирӣ ва мубориза бо вируси норасоии масъунияти одам дар шаҳри Кӯлоб, ҳифзи иҷтимоӣ, комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, раёсати молия, командони бонки амонатгузорӣ, намояндагони ҷамоатҳои деҳот ва вакилони маҳаллаҳо семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Дар якҷоягӣ пеши роҳи ВНМО»-ро мегирем баргузор гардид.

Дар семинар, инчунин намояндаи ташкилоти байналмилалии «Духтурон бидуни марз» низ иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар рафти баргузории семинар сардухтури Маркази пешгирӣ ва мубориза бо вируси норасоии масъунияти одам дар шаҳри Кӯлоб Шамсиддинов С. маъруза намуда, оид ба сабабу воситаҳои ба ВНМО гирифтор гардиданро шарҳу тавзеҳ дод. Ҳамчунин бобати роҳҳои пешгирикунанда ва масъулияти узви ҷомеа ба ин вабои хатарафзоро ба иштирокдоро фаҳмонид.

Дар баромади номбурда садо дод, ки «Мақсади асосии фаъолиятҳои пешбурди саломатӣ коҳиш додани интиқолёбии минбаъдаи сироятӣ бемории ВНМО ва баланд бардоштани ҳолати дарёфткунии барвақтии сироят дар байни ҷомеа мебошад. Барои ноил гардидан ба ин ҳадаф зарур аст, ки сатҳи дониши ҷомеаро оид ба бемории ВНМО ғанӣ гардонид».

Иштирокдорон ҷиҳати масъалаи мазкур андешаҳои худро иброз намуда, барои дар ҳамбастагӣ мубориза бурдан ба ВНМО ва дар зеҳни ҷомеа хатру оқибатҳои бемории мазкурро ҷой доданро пешаи худ қарор доданд.

Масъулин тасмим гирифтанд, ки дар сатҳи деҳа ва маҳаллаҳои шаҳру деҳот баргузор намудани корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба ВНМО ҷонок намуда, бо муҳоҷирони меҳнатӣ корбариро бештар намоянд.

                                                                                   Бахши матбуотӣ 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code