Қувваҳои Мусаллаҳ – мактаби мардонагӣ

Соҳаи рушди иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2019, №1230 «Дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1992-2001 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ»  дар як қатор муассисаҳои таълимӣ ва дар байни сокинони маҳаллаҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳиро гузаронида истодаанд. Аз ҷумла, чунин вохӯрии судманд рӯзи 25 апрели соли 2019 дар байни донишҷӯёни коллеҷҳои омӯзгорӣ, тиббӣ, коллеҷҳои ғайридавлатии тиббӣ ва иқтисодии техникии шаҳри Кӯлоб гузаронида шуд. Дар рафти вохӯриҳо донишҷӯйён бо ҳамовозӣ қай намуданд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як фарди бономуси ватан ифтихор ва шарафи бузург маҳсуб меёбад.

Инчунин, дар рафти вохӯрӣ филми «Мурофиа» дар мавзӯи «Саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ»  намоиш дода шуд, ки донишҷӯйён аз паҳлуҳои ҳуқуқии хизмати ҳарбӣ огаҳи пайдо намуданд.

Рӯзи 29 апрел дар ҷамоати деҳоти Кӯлоб ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10, дар байни сокинони ин ҷамоати  вохӯрӣ дар сатҳи баланд доир шуд, ки падару модарон баромад намуда, хизмат ба Ватан-модарро вазифаи ҷонии ҳар як ҷавонмард маҳсуб намуданд.

Дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудовиявии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.

Тартиби хизмати ҳарбиро қонун муайян мекунад.

Дар рафти вохӯриҳо даъват ба амал оварда шуд, ки имрӯз ҳар як шаҳрванди ватандӯсту худогоҳ вазифадор аст, ки қарзи шаҳрвандии худро иҷро намояд. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби мардонагию далерӣ, ҷасурию шуҷоатмандӣ буда, дӯстдоштани Ватан ва ҳуввияти миллӣ низ аз ҳамин мактаб сарчашма мегирад, зеро ҳимоияи марзу буми Ватан, муҳофизати падару модар, дарси матонату садоқатро аз хизмати Ватан- Модар  меомӯзонанд.

Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code