Ҷаласаи назоратии назди раиси шаҳр

Санаи 29 апрели  соли 2019 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб маҷлиси назоратии назди раиси шаҳр баргузор гардид, нахуст масъала «Корҳои иҷрогардида оид ба пешгирии хатари  сел ва  ҳолати соҳилмустаҳакамкунӣ дар минтақаҳои хавфноки шаҳру деҳоти Кӯлоб» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Баъди шунидани ахбороти муовини якуми раиси шаҳр Каримзода С, раиси шаҳр иброз дошт, ки масъалаи мазкур яке аз масъалаи асосӣ ба ҳисоб рафта, зери таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қарор дошта, тамоми минтақаҳои хавфноки шаҳру деҳоти Кӯлоб тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда бояд корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ пурра ба анҷом расонидашуда, зери назорати доимӣ қарор дошта бошанд.

Сипас аз сардори бахши ҳолатҳои фавқуллола ва мудофиаи гражданӣ, сардори идораи беҳдошти замин ва обёрӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот ва дигар роҳбарони ташкилотҳои дахлдор пурсиш карда шуда, саривакт омодакунии тахтасангҳо, таъмини сементу сузишворӣ, ташкили навбатдории доимӣ дар мавзеъҳои хавфнок ва андешидани тадбирҳои иловагӣ бо мақсади пешгирии ҳолатҳои фавқулодда дастуру супоришҳои мушаххсас гирифтанд.

          4.Масъалаҳои ҷорӣ.

-корҳои иҷрогардида оид ба пешгирии хатари  сел ва  ҳолати соҳилмустаҳакамкунӣ дар минтақаҳои хавфноки шаҳру деҳоти Кӯлоб:

-рафти даъвати ҳарбии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб:

 -рафти таъмири биноҳои баландошёна ва таъмиру сафолакчинии роҳравҳо дар шаҳр :

 -омодагӣ ба ҷамъбасти нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва омории шаҳр дар 4 моҳи соли ҷорӣ:

  -вазъи таъминоти оби нушокӣ дар шаҳр:

 -вазъи воридоти андозҳои давлатӣ ва кам кардани бақияпулиҳои андоз дар нозироти  андози шаҳр;

-ҳолати пардохти қарзи истифодаи қувваи барқ ва кам намудани талафоти нерӯи барқ барқ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб;

-рафти амалишавии амри раиси шаҳри Кӯлоб аз 11 июни соли 2018, №117 «Дар бораи таъсиси гурӯҳҳои корӣ оиди омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб;

 -рафти сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21;

-вазъи  кабудизоркунӣ, гулшинонӣ ва ободонӣ дар шаҳри Кӯлоб;

-ҳолати тозагии шаҳр ва баровардани партовҳо аз партовгоҳҳои  кӯчаҳои шаҳр;

-ҳолати таъмиру азнавсозии роҳ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб;

-вазъи равшаннамоӣ ва чароғонкунии шаҳру деҳоти Кӯлоб;

-рафти омодагӣ ба таҷлили Рӯзи Ғалаба (9-май) дар Боғи Ғалабаи шаҳр мавриди баррасӣ қарор дода шуда, гузоришҳои шахсони масъул шунида шуда, қарорҳои дахлдор қабул гарида, вазифаҳо муайян карда шуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code