Варзишгарони шаҳри Кӯлоб Чемпиони ҷаҳон гардиданд

Санаи 16- ум то 28 уми апрели соли 2019 дар шаҳри Абу- Дабии АМА Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштни Ҷиу-ҷитсу байни наврасон, ҷавонон ва калосолон багузор гардид. Дар он дастаи варзишгарони шаҳри Кӯлоб бо намояндагӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштикор  намуда, бо ба даст овардани ҷойҳои намоён, парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштанд.

Аз чумла, варзишгари шаҳри Кӯлоб Каримов Хизралӣ дар вазни 80 кг сазовори ҷойи 1- ум гардида, сазовори медали тилло гардид. Инчунин Мустафои Раҳмоналӣ дар вазни 50 кг ва Алимов Муҳаммад дар вазни 21 кг сазовори ҷойи 1- ум гардиданд.

Муродов Фазлиддин бошад бо гирифтани ҷойи 2- юм сазовори медали нуқра гардид.

Бояд тазаккур дод, ки ин дастоварди беназири варзишагарони шаҳри Кӯлоб, боиси шаъну шараф ва сарбаландии куллӣ ҷавонони ҷумҳурӣ арзёбӣ гардида, туҳфаи арзанда дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми сарбаланди Тоҷикистони азизамон мебошад.

Ба ин хотир, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо ҷалби васеъи варзишгарон, ҷавонон  ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Кӯлоб, пешвозгирии варзишгарони шаҳри Кӯлобро, санаи 29 уми апрели соли 2019 дар даромадгоҳи шаҳр, бо гулу гулдастаҳо ва шиорҳо дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намуданд.

Ҳар як соҳибватан аз ин гуна дастоварди бузурги фарзандони бо ору номуси миллати худ мефахрад ва болидаруҳ мегардад.

Баши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code