Озмуни стипендияи раиси вилояти Хатлон доир гардид

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб озмуни дарёфти стипендияи раиси вилояти Хатлонро бо иштироки 107 нафар хонанда доир намуд.

Дар он хонандагони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти миёнаи шаҳри Кӯлоб ширкат намуда, комиссияи озмунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб аз байни 107 нафар хонандагон 4 нафар беҳтаринҳоро тариқи озмун ба вилоят пешниҳод намуд.

Хонандагоне, ки дар озмуни шаҳрӣ барои дарёфти стипедияи раиси вилояти Хатлон муваффақ гардиданд Камолова Мунира хонандаи синфи 9-и муассисаи давлатии таълими мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб, Розиқов Азимҷон хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7, Сафаров Муҳаммадҷон хонандаи синфи 9-и литсейи №1-и ба номи Исмоили Сомонӣ ва Қурбонов Сарфароз хонандаи синфи 7-и литсейи иноватсионии назди Донишкадаи техналогия ва менеҷменти иноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб мебошанд. Онҳо ҳамчун хонандагони аълохон ва навовару эҷодкор мавриди омӯзиш, баррасӣ ва натиҷагирӣ қарор дода шуда, ба комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон пешниҳод гардиданд.

                                                                  Раёсати маорифи МИҲД шаҳри Кӯлоб

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code