Ғолибияти дастаи «Равшани»-и шаҳри Кӯлоб

Дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб аз соли 1965 то инҷониб дар чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил  гардидааст.

Қобили зикр аст, ки дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб аз ғамхориҳо ва дастгириҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукургузорӣ намуда, баҳри ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас кӯшиш ба харҷ дода, солҳои 2013 ва 2014 Чемпион ва гирандаи Супер-Ҷоми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст.

Бояд қайд намуд, ки санаи 28-уми апрели соли 2019, оғози Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум, ки дар Варишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб баргузор гардид, бозии аввал байни дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва «Шоҳмансури»-и шаҳри Душанбе оғоз ёфта, дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 7 бар 2 дастаи «Шоҳмансури»-и шаҳри Душанберо шикаст дод.

Дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб баҳри болидаруҳӣ ва фараҳмандии ҳаводорону мухлисони худ барои иштироки фаъолу назаррас дар бозиҳои минбаъа омодагии ҳамаҷониба дида истодааст.

                                                                           Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code