Аёдати собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Кӯлоб аз ҷониби раиси вилояти Хатлон

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳадти миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсони собиқдори ҷангу меҳнат таҳти ғамхорӣ ва дастгирии давлату ҳукумат қарор доранд.

Ба ин хотир, раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон санаи 27 апрели соли ҷорӣ зимни сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб ҳамроҳ бо раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Хайрулло Амонулло ба ёдати се нафар шахсони хизматнишондодаи шаҳри Кӯлоб Мирзо Бегаматов, Бобоҷон Азизов ва Экатерина Смирнова Димитривна ташриф оварда, ба онҳо кӯмакҳои пулӣ ва маводҳои ғизоӣ, аз қабилӣ  орд, гӯшт, равған, биринҷ, шакар, картошка, пиёз ва макарон расониданд.

Ҳамчунин раиси вилоят бо онҳо нишаста, ҳамсуҳбат гардида, аз ҳолу аҳволашон пӯрсон шуд. Инчунин қайд намуд, ки дар доираи имконият кӯмаки худро ба онҳо мерасонад.

Шахсони яккаву танҳо миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон ва раиси шаҳри Кӯлоб барои чунин қадрдониҳо изҳор доштанд.

Собиқадорони ҷангу меҳнат, нафақахурони яккаву танҳо, маъюбону ятимон ва эҳтиёҷмандон  таҳти ғамхориву сарпарастии пайвастаи давлату ҳукумат  қарор доранд.

                                                                   Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code