Вохӯрӣ бо соҳибкорон баҳри дастгирӣ ва сармоягузорӣ

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 26 декабри соли 2019 баён доштанд, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №95 аз 1 марти соли 2019  «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб вохӯрӣ бо соҳибкорони шаҳру минтақаи Кӯлоб баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур муовини якуми раиси Кумитаи давлати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзод А.,  муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Р, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Исмоилзода С. ва сардорони Раёсати дастгирии соҳибкорӣ, Раёсати пешбурди низоми иҷозатдиҳӣ ва маноторингии санҷишҳо, роҳбарони муассисаи давлатии ташиккул ва рушди соҳибкорӣ Тоҷикистон, КВД-Тоҷинвест ва намояндаи котиботи машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои  соҳибкориву сармоягузорӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, муовини раиси шаҳри Кӯлоб меҳмононро ба Кӯлобшаҳри бостонӣ хайрамақдам  гуфта, қайд доштанд, ки эълон гардидани саноатикунонии босуръат ҳадафи чоруми миллӣ, ин имкон медиҳад, ки соҳибкорон баҳри пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар таъсиси корхонаҳои саноатӣ, ривоҷ додани фаъолияти иқтисодӣ, кишоварзӣ, хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳо баҳри пешбурди ҷомеъа муфид дастгирии ҳамаҷониба ёбанд.

Дар ин росто муовини раиси шаҳри Кӯлоб иброз дошт, ки дар шаҳри Кӯлоб 766 иншот то ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда, ҳамчунин барои суръат бахшидан ба соҳаи саноат ва иқтисодиёт бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб минтақаи озоди иқтисодӣ дар майдони  309 га тасдиқ гардида, соҳибкорон метавононд дар ин минтақа корхонаҳои хурду бузурги саноатиро баҳри рушди соҳибкорӣ сохта ба истифода диҳанд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин муовини якуми раиси Кумитаи давлати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Муминзод баромад намуда, ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ суханронӣ намуд. Инчунин оид ба сармоягузорони муваффақ ва раванди фаъолияти онҳо дар ҷумҳурӣ, ҳавасмандгардонии соҳибкорон гуфта гузаштанд.

Ҳамзамон, аз ҷониби масъулини соҳаи иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баромадҳо дар мавзуъҳои такмили қонунгузорӣ дар бахши танзими фаъолияти субектҳои соҳибкорӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, муаррифномаи суръатбахшидан ба рушди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, ҷалби сармоягузорӣ дар бораи пешбурди соҳибкорӣ ва лоиҳаҳо, субъектҳои соҳибкорӣ ва дигар масъалаҳои муҳими соҳибкориву сармоягузорӣ пешниҳоди соҳибкорон ва иштирокдорон карда шуд.

                                                                                     Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code