Иштироки омӯзгорону донишҷӯён дар конференсияи ҷумҳуриявии ДДД

 Таърихи 19 – 20 – уми апрели соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии Данғара тибқи мактуби иттилоотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалии ҳайати профессорону омӯзгорон, аспирантон, магистрантону унвонҷӯён ва донишҷӯён дар мавзӯи “Терроризм ҳамчун омили таҳдидкунандаи пойдории давлатҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ”, бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2019-2021 солҳои “Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, гузаронида шуд. Дар конференсияи мазкур аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ 14 – нафар омӯзгорон мақолаҳои илмии худро фиристониданд ва ин мақолаҳо дар китоби конференсия рӯйи чоп омаданд. Дар конференсия ду нафар донишҷӯ ва як нафар омӯзгор ширкат доштанд:

1.     Шоҳсанами Ризо – саромӯзгори кафедраи илмҳои компютерӣ.

2.     Латифов Манучеҳр Зикруллоевич – донишҷӯи курси 2-юми факултети физика ва математика, шуъбаи информатика.

3.     Назаров Аминҷон Алихонович – донишҷӯи курси 4-уми факултети физика ва математика , ихтисоси физика ва математика.

Донишҷӯёну омӯзгорон дар конференсяи мазкур бо маърӯзаҳои худ фаъолона иштирок намуда, аз ҷониби раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара бо “Сипоснома” – ҳо қадрдонӣ гардиданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code