Мизи мудаввар оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила

Санаи 25 апрели соли 2019 шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тибқи нақшаи кории худ дар ҳамбастагӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Дилафрӯз» дар вилояти Хатлон доир ба Барномаи давлатии «Пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023» дар тарабхонаи «Тоҳир»-и шаҳри Кӯлоб мизи мудаввар бо иштироки намояндагони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, сармутахассис оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ (суд, прокротура, ШВКД)-и шаҳри Кӯлоб, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, ташкилоти ҷамъияти «Заршедабону», САҲШ,  Агенти давлатии суғуртаи иҷтимои ва нафақа ва инчунин  занони фаъол мизи мудаввар баргузор намуд.

Нахуст, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Хушвахтова Б. баромад намуда, мақсади баргузориии мизи мудавварро ба иштирокдорон тавзеҳ дод. Мавсуф иброз намуд, ки имрӯз зуроварӣ дар оила масъалаи глобалӣ гардида, зарур аст, ки ҷиҳати пегирӣ ва роҳ надодани оилаҳои ҷавон ба ин кирдори номатлуб дар якҷоягӣ корбарӣ намоем. Чавононро соҳиби илм ва соҳиби тарбияи дуруст намоем, дар сатҳи маҳал гуруҳҳои фаъол аз ҳисоби кумитаҳои маҳал таъсис дода, барои бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ бештар бо илаҳои ноустувор муносибатро қавӣ гардонем. Зеро аксар кирдорҳои зуроварӣ, ки боиси ҷудошавии оилаҳои ҷавон мегарданд, боиси пӯшаймонӣ ва доғ бар ҷомеа мегардад.

Дар тақвияти гуфтаҳо ва шарҳу тавзеҳи масъала Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Абдуллозода Ф, мудири бахши САҲШ-и шаҳри Кӯлоб Иброҳимзода М. Сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши МИҲД шаҳри Кӯлоб Азимов С., Раиси шурои занони ДДК баромад намуда, оид ба сабабҳои ба миён омадани зуроварӣ дар оила, омилҳои пешгирикунандаи зуроварӣ дар оила, табақаи бештар дучори ин омили номатлуб мегардида ва дигар нуқтаҳои муҳими масъаларо шарҳу тавзеҳ доданд.

Дар рафти баргузории суҳбат иштирокдорон фикру андешаҳои худро иброз намуда, дар қисмати ҷамъбастӣ хулосабарорӣ гардид, ки барои роҳ надодан ба зуроварӣ дар оила, имрӯз зарур мешуморем, ки ҳар як узви ҷомеа моҳияти масъаларо дарк намуда, инчунин дар роҳ надодани оилаҳо ба зуроварӣ ҳамагон масъулият дошта бошанд.

                                                     Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code