Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб корҳои соҳилмустаҳкамкуниро дар минтақаҳои осебпазири шаҳру деҳоти Кӯлоб зери таваҷҷуҳ қарор дода, дар ин самт корҳо баҳри бартараф намудани хавфи офатҳои табиӣ амалӣ гардида истодаанд.

Дар асоси нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб «Оид ба мустаҳкам намудани соҳилҳои дарёи Ёқсу дар ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Кӯлоб» 3-адад экскватор, 1-адад булдозер, 4-адад мошини боркаш  ва мошини борбардор сафарбар карда шуда, ҳамарӯза корҳои соҳилмустаҳкамкуниро амлӣ намуда истодаанд.

Ҳарчанд корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар сои Тебалай амалӣ гардида бошад ҳам, нуқтаҳои осебпазири он зери назорати доимӣ қарор дошта, техникаҳои зарурӣ дар ҳолати боронҳои дарозмудат ва сел дар ҳолати омодабош қарор доранд.

Мавзеи Фурӯдгоҳ, ки дарозиаш ба масофаи 1000-метр мерасад, то имрӯз дар 725-метр сади муҳофизатӣ корҳо амалӣ гардида, дар он ду дандонсад (зуб) барои паст кардани шиддати ҳаракати об гузошта шуда, корҳои заминиаш дар ҳаҷми 21820 м3, тахтасангҳои оҳану бетонии нав ба миқдори 173 м3, бетонҳои гуногунҳаҷми истифодашуда ба миқдори 189 м3 ва симтурхалта дар ҳаҷми 2700 м2 хобонида шуда, корҳо дар ин минтақа идома доранд.

Дар мавзеи ДСК (комбинати хонасозӣ)  300 м2 симтурхалта хобонида шудааст корҳо дар ин нуқта  ба анҷом расидааст.

Дар мавзеъи Минтути дарёи Ёқсу се адад дандонсад сохта шуда, дар он 165 адад тахтасанги нав ва 60 м3 бетонҳои гуногунҳаҷм истифода шуда, корҳои заминӣ дар ҳаҷми 2140 м3 иҷро гардида, дигар корҳо идома доранд.

Дар дарёчаи Кӯлоб мавзеъи Чармгарони поён, дар сойи Даҳанаи Ҷамоати деҳоти Даҳана ва дар мавзеъи Чорчашма (чор скважа)-и Ҷамоати деҳоти Кӯлоб корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҳамарӯза амалӣ гардида истодааст.

                                                                                       Бахши матбуотӣ

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code