КИТОБ – МАНБАИ ДОНИШ

Ба  ифтихори  ҷашни  30-солагии  Истиқлолияти  давлатӣ  Амри Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон   аз   9 феврали соли 2019, №АП-1165 оид бабаргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ…» дар миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шахрвандони кишвар қабул гардидааст.

Дар ин росто бо ташаббуси Муассисаи  давлатии  Китобхонаи  оммавии  вилояти   Хатлон  ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри  Кӯлоб», Муассисаи давлатии «Коллеҷи  милитсияи  ВКД  ҶТ  дар шаҳри  Кӯлоб» санаи 24 апрели 2019  конфронс  дар мавзӯи «Китоб-манбаи дониш» баргузор гардид.

Чорабинӣ бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардида, дар кори конфронс муовини директори  Китобхонаи вилоятии ба номи С.Айнӣ  Абдуллоева Саодат  дар мавзуи «Ганҷ магир китоб гир» баромад намуда, ҳамзамон иштирокчиёнро   бо  «Низомнома»-и  озмун,  рӯйхати тавсиявии адабиёти  омода намудаи китобдорони Китобхона шинос намуд.

Дар рафти ҷамъомад курсантҳои Коллеҷ иқтибос, шеърҳо ва саҳначаро дар васфи китоб иҷро намуданд.

Конфронсро бо сухани ҷамъбастӣ муовини сардори Коллеҷи милитсия  ҳусни анҷом бахшида, тамоми курсантҳоро ба донишандӯзӣ, забондонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ даъват намуд.

           Оқилова Заррина –  корманди Муассисаи давлатии

«Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон

ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб»

SAMSUNG DIGITAL CAMERA

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code