Нақши ҷавонон дар рушди ҷомеа

Тибқи нақшаи кории Кумиати кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб гуруҳи кории кумита аз  санаи 21 то 24 апрели соли равон ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварда, бо ҷавонон ва аҳолии шаҳру деҳоти Кӯлоб вохӯриҳо, суҳбату мулоқотҳо ва дигар корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ анҷом доданд.

Гуруҳи корӣ дар ҳамбастагӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар хонаҳои истиқоматӣ бо аҳолӣ вохӯриҳо доир намуда, оид ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуввияти миллӣ, пойдории ваҳдату Истиқлолияти давлатӣ, фарҳанги миллӣ ва дигар масоили мубрами рӯз суҳабтҳои тарғиботӣ гузарониданд. Ҳамчунин варақаҳои иттилоотии судманд, баҳри баланд бардоштани ҳисси миллӣ ба сокинони шаҳри Кӯлоб дастрас намуданд.

Шоми 21 апрели соли ҷорӣ, ҳамчунин гуруҳи корӣ дар назди Муҷтамаи 2700 солагии шаҳри Кӯлоб барномаи консертии «Шоми ҷавонӣ»-ро баҳри болидаруҳии ҷавонон  доир намуданд.

Санаи 22 бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар ҳамкорӣ бо гуруҳи корӣ дар ҷамоатҳои деҳот мусобиқаҳои варзишӣ аз қабили футбол, волейбол ва тениси рӯйимизӣ баргузор намуда, шоми ҳамон рӯз дар назди муҷассамаи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (назди ДДК)  барномаи консертии «Шоми ҷавонӣ» бо иштироки васеи ҷавонони шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.

Рӯзи 23 бошад гуруҳи корӣ дар ҳудуди шаҳр шанбегӣ гузаронида, барои тозагии шаҳр саҳми худро гузоштанд.

Рӯзи 24 гуруҳи корӣ бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар толори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ» бо донишҷӯёни донишгоҳ баргузор намуданд.

Мақсад аз баргузории чорабиниҳои зикргардида ин фаъол гардонидани ҷавонон дар корҳои ҷамъиятӣ, баланд бардоштани ҳуввияи миллии шаҳрвандон ва пешгирӣ аз хатари ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб буда, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб баҳри боз ҳам беҳтар гардонидани ҳамкориҳо ва тақвият бахшидани фаъолияти бахши кор боҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб тадбирҳои лозимаро роҳандозӣ менамояд.

                                            Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code