Савгандёдкунии хизматчиёни давлатӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Дар асоси талаботи моддаи 15-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷкистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»  ва Фармоиши Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 аввгусти соли 2017, №33 «Дар бораи тартиби савганд ёд кардани хизматчиии давлатӣ», шаҳрвандоне, ки барои аввал ба хизмати давлатии маъмурӣ қабул мешаванд, дар ҳузури кормандон бо тантана савганд ёд мекунанд.

Тибқи ин санаи 22 апрели соли 2019 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб маросими савгандёдкунии хизматчиёни давлатӣ дар ҳузурии раиси шаҳр ва дигар кормандони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ баргузор гардид.

Дар он нафароне савганд ёд карданд, ки санаи 17 апрели соли 2019 бо амрҳои дахлдори раиси шаҳр тариқи озмун ба мансабҳои хизмати давлатӣ таъин гардиданд.

Баъди қироат намудани савганди хизматчии давлатии се нафар шахсони навтаъин, суруди милли Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод.

                                                                                Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code