САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА ШАҲРИ КӮЛОБ

Рӯзҳои 20-21 уми апрели соли 2019 раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон, ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бо мақсади нишосоӣ аз рафти корҳои созандагиву бунёдкорӣ, огоҳӣ аз вазъи рӯзгору зиндагии сокинони минтақа, иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдаи миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, инчунин вохӯрӣ судманд бо фаъолони ҷомеъа сафари корӣ анҷом дод

 Аснои сафари корӣ раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон аз рафти тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар шаҳри Кӯлоб дидан намуд. Роҳбарияти вилоятиро дар шаҳри Кӯлоб раиси шаҳр муҳтарам Хайрулло Амонулло, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, масъулини ташкилоту муассисаҳо ва хабарнигорони васоити ахбори омма ҳамроҳӣ намуда, аз иҷроиши корҳои бунёдӣ дар сои Ёхсу, Тебалай, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷамоати деҳоти Зиракӣ, бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2, сохтмони мактаби нав дар маҳаллаи 20- уми шаҳри Кӯлоб, Боғи марказии фарҳангиву фароғатии шаҳр ва гармхонаҳои Кооперативӣ тиҷоратии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ боздид ба амал овард.

Раиси вилоят зимни боздид аз рафти корҳои сохтмонӣ ба масъулин ва роҳбарияти шаҳр дастур доданд, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ истиқбол намудани ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас андешида, ҳусни шаҳрро бо таъмиру азнавсозии иншоотҳои гуногун, гулшинониву кабудизоркунӣ зиннат диҳанд.

                                                                  Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code