Маҷлиси назоратии назди раиси шаҳр

Санаи 22 апрели соли 2019 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб маҷлиси назоратии назди раиси шаҳр баргузор гардид.

Сараввал, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо Раҳмонов А. оид ба масъалаи кадрӣ баромад намуда, натиҷаи озмуни навбатиро ҷиҳати таъин намудани се нафар мутахассисон ба хизмати давлатӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, ба иштирокдорон шинос намуд.

Дар масъалаи дуюм оид ба пешгирии хатари сел ва ҳолати соҳилмустаҳкамкунӣ дар минтақаҳои хавфноки шаҳру деҳоти Кӯлоб муовини якум ва дигар шахсони масъул аз ҷониби раиси шаҳр пурсида шуда, баҳри афзудани қувваи корӣ ва суръати корҳо дар ин самт ба онҳо дастур доданд.

Дар масъалаи дигар оид ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб ахбороти раиси комиссияи даъват-муовини раиси шаҳр Маҷидова К.А. шунида шуда, тибқи он аз ҷониби раиси шаҳр масъалагузорӣ карда шуд.

Раиси шаҳр муҳтарам Хайрулло Амонулло ба масъулини даъвати ҳарбӣ дастур доданд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро тақвият бахшида, дар ин уҳдадории шаҳрвандӣ ҳамагон бояд масъулият эҳсос намоем ва саҳми арзанда дошта бошем.

Масъалаи дигари баррасигардида ин таъмири биноҳои баландошёна ва сафолакчинии роҳравҳо буда, ҷиҳати масъалаи мазкур сармеъмори шаҳр Бобоҷонов А. ва роҳбари КФБ истеҳсоливу истифодабарии манзилии шаҳри Кӯлоб Шарипов З. пурсида шуданд. Шахсони зикршуда дастур гирифтанд, ки то ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмири пурраи биноҳо ва сафолакчинии роҳравҳоро ба анҷом расонанд.

Дар масъалаҳои ҷорӣ рафти амалишавии амри раиси шаҳри Кӯлоб аз 11 июни соли 2018, №117 «Дар бораи таъсиси гуруҳҳои корӣ оиди омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб», вазъи кабудизоркунӣ, гулшинонӣ ва ободонӣ дар шаҳр, ҳолати тозагии шаҳр ва баровардани партовҳо аз партовгоҳҳои дохили шаҳр, ҳолати таъмиру азнавсозии роҳҳои мошингарди шаҳру деҳот, вазъи равшаннамоӣ ва чароғонкунии шаҳру деҳот ва насби трансформатори баландиқтидори нав дар зеристгоҳи «Сомонӣ 110/6 КВ» мавриди баррасӣ қарор дода шуда, гузоришҳои шахсони масъул шунида шуда, қарорҳои дахлдор қабул гарида, вазифаҳо муайян карда шуданд.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code