ҶАВОНМАРДО ҶАВОНМАРДӢ БИОМӮЗ

Ватани худро дӯст доред, қадр кунед ва ҳифз намоед!

Эмомалӣ Раҳмон

Хизмат ба Модар – Ватан қарзи  муқаддаси ҳар як ҷавонмарди баномус ба ҳисоб меравад. Чуноне, ки шоир мегӯяд:

Нури чашму нигаҳи мо Ватан аст,

Самти ҷовиди раҳи мо Ватан аст.

Ватан оғози ҳаёти ману ту,

Низ анҷомгаҳи мо Ватан аст.

Ин суханони ҷавонмардест, ки ватани худро дӯст медорад, агар лозим шавад баҳри ҳифзи марзу буми он ҷони худро фидо мекунад. Шукри Худо Тоҷикистон зери сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу оромӣ қарор дорад. Вале дар замони ҷаҳонишавии дунё, муборизаҳои шадид байни давлатҳои абарқудрат ҳар ҳодисаро интизор будан мумкин аст. Ҷавонони  Тоҷикистон  бояд хизмати  Ватанро барои худ  Шараф донанд, зеро ин Шараф танҳо ба шахси ватандор муяссар мегардад.

Оид ба вазъи даъвати баҳории ҷавонон, ки дар маҷлисҳои назоратии раиси шаҳр муҳтарам Хайрулло Амонулло баргузор мегардад, яке аз масъалаҳои асосӣ ба шумор рафта, ҳолоти омодагӣ ба хизмати ҳарбӣ пайваста аз сардори комиссияи даъватии наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, муовини раиси шаҳр Кенҷамоҳ Маҷидова пурсида мешавад.

Солҳои охир масъулияти ватандорӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти ҷавонони мо боло рафта истодааст.

1-апрели соли 2019 мо шоҳид будем, ки ҷавонони ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ раванда дар назди комиссарияти ҳарбӣ бо ифтихори баланд саф ороста, дар даст парчами Тоҷикистон, аз роҳи хиёбони Исмоили Сомонӣ вориди муҷтамаи 2700-солагии Кӯлоб шуданд. Пеш аз оғози чорабинӣ сардори комиссариати ҳарбӣ полковник Лоиқ Маҳмадиев, наваскарони ихтиёриро ба ҳолати омодабош даъват карда, аз Раиси шаҳр оид ба омодагӣ нутқ кард ва иҷозати баргузории  чорабинӣ – гусели наваскарони далеру шуҷои Ватанро пурсид.

Сипас, ҷамъомади тантанавиро бо сухани ифтитоҳӣ раиси шаҳр, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Хайрулло Амонулло кушода, ихтиёриёни даъватшуда ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро табрик намуд. Дар рафти суханрониаш баён дошт, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои Муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 6-уми марти соли ҷорӣ таҳти рақами 12/30 фармони даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба имзо расидааст, шурӯъ аз ин дар сартосари мамлакат сафарбарии ҷавонон ба сафи артиши Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардидааст ва хушбахтона, имрӯз дар шаҳри Кӯлоб низ аз ҳисоби ҷавононе, ки ихтиёрӣ ба сафи  Қувваҳои Мусаллаҳ раҳсипор гардидаанд, мо даъвати аскариро оғоз намуда истодаем. Бояд тазаккур дод, ки хизмати аскарӣ ҳамеша барои ҷавонон як мактаби мардонагӣ, мактаби шуҷоату далерӣ буд, ҳаст ва мемонад.

Сипас, раиси собиқадорон ва интернасиалистон дар шаҳри Кӯлоб шоир Лутфи Хомӯш ҳамагонро ба ин рӯз табрик намуда, аз эҷоди хеш шеърҳо қироат намуд.

Дар қисмати фарҳангию фароғатии чорабинӣ наваскарон ҳунарҳои нозуки ҳарбу зарби ҳарбиро бо чолокию устодӣ намоиш доданд, ки дарсе аз мактаби ҳарбӣ барои наваскарон буд.

Ҳунармандони Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб низ бо савту таронаҳои дилнишин табъи ҳозиринро болидарӯҳ гардониданд.

Чун наваскарон зери сурудҳои дилнишин бо падару модарон, наздикон мерақсиданд, мо бо сардори комиссияи даъватии наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, муовини раиси шаҳр Кенҷамоҳ Маҷидова ҳамсуҳбат шудем.

 Дар суҳбат Кенҷамоҳ Маҷидова чунин иброз дошт: – Боварӣ  дорам, ки нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Кӯлоб пеш аз муҳлат ба субут расонида мешавад. Боиси хурсандист, ки сафи худихтиёрон сол аз сол меафзояд. Ин сабаби айёнӣ дорад. Шароити буду бош дар қисмҳои ҳарбии кишвар дар сатҳи хуб қарор дорад. Хизматчиёни ҳарбӣ, ки муҳлати хизматро адо кардаанд, ба ҳамсояҳо, хешу таборон, шиносон вазъи имрӯзаи хизматро нақл мекунанд. Раисони ҷамоатҳои деҳот, вакилон, мизҳои ҳарбии ҷамоатҳо низ дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро пеш бурда истодаанд. Ҳамчунин гурӯҳи волидон ва пайвандони хизматчиён ҳар сол аз шароити хизмати аскарон дидан мекунанд. Хизмати ҳарбӣ ба як мактаби обутоби бадан ва ахлоқу худшиносӣ табдил ёфтааст. Аз ҷониби дигар, ҳисси худшиносӣ, тарбияи ҳарбӣ ватандӯстӣ дар ҷавонон боло рафтааст.

Имрӯз наваскаре бо ифтихор ин мисраҳои ватанпарваронаро қироат кард, ки барои ҷавонони мо ибратомӯз аст:

Ватан, Модарам ифтихорам туӣ,

Ватан, қувватам,  ҳам мадорам туӣ.

Ватан, ҷони худро фидоят кунам,

Дили поки худро адоят кунам.

Ватан, қиблагоҳи суҷуди манӣ,

Ватан, ҳастии ман,  вуҷуди манӣ.

Ҳамду сано ба ҷавонмардони баномус, ватандӯст, ки имрӯз ихтиёрӣ ба хизмати Модар – Ватан мераванд. Аз даргоҳи Худо тавалло дорам, ки бо тани солим, рӯҳи болида, сарбаландона ба Ватан хизмат карда, ба назди волидони худ баргарданд.

                                                      Фирӯз Ҳақназарзода.

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code