Қабули навбатии раиси шаҳр

Ҳар ҳафта аз ҷониби раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Хайрулло Амонулло қабули шаҳрвандон гузаронида мешавад.

Санаи 20 апрели соли 2019 қабули шаҳрвадон аз тарафи  раиси шаҳр доир карда шуд.

Раиси шаҳр шаҳрвандонро бо як руҳияи болида қабул намуда, аз аҳволи онҳо хабардор шуда, масъалаҳои онҳоро дида баромад.

Дар қабули мазкур зиёда аз 18 нафар шаҳрвандон бо дархосту муроҷиатҳои худ, оид ба масъалаҳои гуногун, аз ҷумла, ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ, бунёди ҳавзҳои моҳипарварӣ, бунёди боғ, вобаста намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ,  сохтмони иншоотҳои ба анҷомрасида қабул карда шуда,  инчунин дархосту муроҷиатҳои онҳо баррасӣ карда шуд.

Бахши матбуотӣ 

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code