Боздиди раиси шаҳр аз рафти фаъолияти гармхонаҳо

Субҳи барвақт, санаи 20 апрели соли равон раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Хайрулло Амонулло аз рафти фаъолияти гармхонаҳо дар деҳаи Сангпари Ҷамоати деҳоти Зиракӣ боздид намуд.

Гармхонаҳо аз ҷониби  кооперативӣ тиҷоратии М. А. Ҳамадонӣ таъсиси дода шуда, дар он кишти сабзавотҳои  барвақтӣ аз қабили  помидор, бодиринг, лаблабу, ва ғайраҳо   ба роҳ монда шудааст.

Гармхонаи таъсисдодашуда 10 ададро ташкил дода, дар он парвариши усули обёрии қатрагӣ  коркард карда мешавад.

Дар чор гармхона тухмии сабзавот кишт гардида, корҳо дар дигар гармхонаҳо идома доранд.

Дар ҳолати ба истифода супоридани гармхонаҳо зиёда аз   40 нафар ба таври доимӣ машғули кор мегарданд.

Ҳамчунин дар оянда  имконияти то 80 ҷойи корӣ муҳайё мегардад.

Раиси шаҳр бо деҳқонон суҳбат намуда, барои  фаъолияти доимии гармхонаҳо ба онҳо тавсия дода, қайд намуданд, ки  нархи маҳсулотҳои истеҳсолшуда нисбат ба маҳсулотҳои аз дигар шаҳру ноҳияҳо воридгардида пасттар гардида, талаботи зиёд дошта,  ҳамзамон деҳқон фоидаи хуб ба даст меоранд.

Роҳбари гармхонаҳо қайд кард, ки дар баробари гармхонаҳо, инчунин  сардхонаи муосир бунёд менамояд ва дар ин замина ҷойҳои нави корӣ фароҳам гардида, барои нигоҳдории маҳсулоти деҳқонон ва талаф наёфтани ҳосили меваю сабзавот мусоидат хоҳад намуд.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code