Ташрифи донишҷӯёни ДДМИҶТ ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ

Санаи  18 апрели соли 2019 ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гурӯҳи омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузур оварданд. Меҳмононро ноиби ректор оид ба таълим, н.и.к., дотсент, Холиқов Сафар, сардори Раёсати тарбия, Гулов Рустам ва сардори Шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ, Шарипов Назрулло дар якҷоягӣ бо донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ дар саҳни барҳаво ва ниҳоят зебои донишгоҳ пешвоз гирифтанд.

Мақсад аз ташрифи меҳмонон ба ин боргоҳи илму маърифат, пеш аз ҳама мустаҳкам намудани риштаи дӯсти миёни ин ду муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва шинос шудану аз назидк дидани мавзеъҳои таъирихии шаҳри Кӯлоб ба ҳисоб меравад. Меҳмоно ҳама якҷо ба толори фарарҳангию фароғати донишгоҳ ҳузур оварданд.

Сарввал сухани ифтитоҳиро ноиби ректор оид ба таълим, н.и.к., дотсент, Холиқов Сафар оғоз намуда, аз номи ректори донишгоҳ , доктори илмҳои физика ва математика, профессор, Узви вобастаи АИ ҶТ муҳтарам, Абдулло Ҳабибулло кулли омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳи дар боло зикр гардидаро ба ин макони илму маърифат шодбош намуданд. Ва инчунин ба кулли меҳмонони ҳузуроварда, рӯзномаи донишгоҳ, ки бисёр ҷолиб ва лоиқи хонданист дар якҷоягӣ бо буклети донишгоҳ тақдим карда шуд. Дар ин баробар аз тарфати хонаи маданияти донишгоҳ баҳри болидахотирии меҳмонони азиз як дастагули суруду таронаҳо тақдим гардида, ки дар ин базм донишҷӯёни донишгоҳ ҳунури волои худро ба меҳмонон равшан гардониданд.

Чорабинии мазкур бо рақсу бози ва шодию фараҳи донишҷӯёни ин ду муассисаи олӣ ба итмом расид. Ва баъди анҷоми барномаи консерти меҳмонон аз боғчаи кӯдаконаи “Ситора-и назди донишгоҳ дидан намуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code