Семинари омӯзишӣ оид ба дастгирии соҳибкорони ҷавон баргузор гардид

Ҷиҳати иҷрои вазифаҳои дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2019, №39 «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019»  дарҷ гардида, оид ба рушди соҳибкории ҷавонон дар шаҳри Кӯлоб санаи 18 апрели соли 2019 семинари омӯзишӣ дар ҳамкорӣ бо Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар доираи амалишавии лоиҳаи LITAKA-II, дар толори хурди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор карда шуд.

Дар семинар 60 нафар ҷавонони соҳибкор, донишҷӯёни шаҳру деҳот аз ин шумора 40 нафарашон духтарон иштирок доштанд.

Семинарро мудири шуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб оғоз намуда, қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳибкорӣ диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, ҳамасола ба соҳибкорон имтиёзҳои муайян муқаррарар карда мешавад.

Ҳамзамон Шӯрои машвартӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошта, масъалаи ҳалталаб ва чораҳои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мавриди баррасии ҷаласаҳо қарор дошта, қарорҳои дахлдор қабул карда мешаванд.

Ба соҳибкорон сабукиҳо дода шуда, тибқи «Равзани ягона» дар муҳлати то 5-рӯз соҳибкорон аз қайди андоз гузашта ба фаъолият оғоз мекунанд.

Дар соли равон низ ба тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ дар солҳои 2019-2020 мораторий эълонкарда шуд.

Инчунин бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорон дар кишвар «300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ» амалӣ шуда истодааст.

Яъне дар ҷумҳурӣ ва шаҳру деҳти Кӯлоб низ тамоми шароити зарурӣ барои фаъолияти соҳибкорӣ фароҳам оварда шудааст.

Бо мақсади ҳалли масъалаҳои ҷойдошта ва зарурати инкишофи инфрасохтори деҳотсолҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид. Бояд қайд намуд, ки ҷиҳати рушди ҳунарҳои мардумӣ ҳунармандон аз пардохти ҳамаи андозҳо озод карда шуданд.

Вобаста ба ин барои рушди сайёҳӣ таҳия намудани сайрхат, беҳтар намудани хизматрасонӣ дар меҳмонхона ва тарабхонаҳо зарур мебошад.

Аз рӯи таҳлилҳо як сайёҳ барои 4-8 нафар ҷойҳои корӣ фароҳам меорад. Бинобар ин дар ин самт бояд чораҳои зарурӣ бояд амалӣ карда шуда, ширкатҳои сайёҳӣ таъсис дода шаванд.

Ҳар як ҷавон аз рӯи истеъдод ва самти фаъолияти интихоб кардааш метавонад фаъолияти соҳибкориро ба роҳ монда, фоида ба даст орад.

Дар натиҷаи чораҳои амалигардида шумораи соҳибкорон сол аз сол дар шаҳр зиёд гардида, аз ҷониби онҳо ба буҷети маҳаллӣ пардохти андозҳо рӯ ба афзоиш аст. Дар баробари ин дар рушди соҳибкорӣ баъзе мушкилиҳо низ ҷой доранд, аз ҷумла маблағҳои зарурӣ намерасад.

Барои ҷалби сармояи хориҷию дохилӣ таҳияи бизнес-план ва лоиҳаи сармоягузорӣ муҳим мебошад. Бинобар ин барои таҳияи бизнес-план бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳр омода аст, ки ба соҳибкорон кӯмак ва машваратҳои зарурӣ пешниҳод намояд, қайд намуд мудири шуъбаи иқтисод ва савдои шаҳр.

Сипас сухан ба мудири шуъбаи рушди сайёҳии минтақаи Кӯлоб дода шуд. Дар баромади худ номбурда қайд намуд, ки барои рушди сайёҳӣ шароиту имкониятҳо мавҷуд буда онҳоро бояд самаранок истифода намоем. Соли 2018 нисбат ба соли 2017 ба минтақаи Кӯлоб шумораи сайёҳон ба маротиб афзоиш ёфта, барои муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ конференсия ва намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ гузаронида мешаванд, ки ҷавони соҳибкор метавонанд дар он иштирок карда, маълумотҳои заруриро дастрас намоянд қайд намуд ӯ.

Мудири шуъбаи иқтисод ва савдои шаҳр қайд намуд, ки шаҳри Душанбе яке аз шаҳрҳои бо амн барои сайёҳон дар сатҳи байналмилалӣ эътироф шуд, ки ин имконияти ташрифи бештари сайёҳонро фароҳам меорад.

Баъдан иштирокдорон ба масъулин саволҳо дода ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Шуъбаи иқтисод ва савдо

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code