Азнавсозии гулгаштҳои Сафар Амиршоев ва Сайидҷон Назарови шаҳри Кӯлоб

Дар асоси сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гулгаштҳои Сафар Амиршоев ва Сайидҷон Назарови шаҳри Кӯлоб  таъмиру азнавсозӣ шуда истодаанд.

Бо дастгирии Вазорати молия Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гулгаштҳои шаҳри Кӯлоб тибқи лоиҳаҳои тасдиқгардида, ки аз ҷониби зерсохторҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод карда шудаанд, бо тарҳи замонавӣ, пурра  таъмиру азнавсозӣ  мегарданд.

Масоҳати гулгаштҳои С.Амиршоев ва С.Назарови шаҳри Кӯлоб  2,55 га-ро ташкил намуда, аз ин 11 ҳазор метри квадратӣ сафолакчинӣ мегардад. Дар ҳудуди гулгаштҳо зиёда аз 1000 адад дарахтони ороишиву ҳамешасабз шинонида шуда, бо гулу буттаҳо зиннат дода мешавад.

Ҳамчунин тибқи лоиҳа фаввора низ насб карда шуда, курсиҳо барои нишасти сокинон ҷой дода шудааст.

Айни замон, корҳои азнавсозӣ идома дошта, масъулин тасмим доранд, ки то ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иншоотро ба пуррагӣ ба истифода супоранд.

Шокир Каримзод-Мудири бахши матбуотӣ

 

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code