Азнавсозии Боғи “Роҳи оҳинчиён”-и шаҳри Кӯлоб

Дар асоси дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Боғи “Роҳи оҳанчиён”-и шаҳри Кӯлоб аз тарафи КВД Роҳи оҳани Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмиру азнавсозӣ карда мешавад.

Бо дастгирии Корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳани Ҷумҳурии Тоҷикистон  Боғи  “Роҳи оҳанчиён”-и шаҳри Кӯлоб тибқи лоиҳаҳои тасдиқгардида, ки аз ҷониби зерсохторҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод карда шудаанд, бо тарҳи замонавӣ, пурра  таъмиру азнавсозӣ  мегардад.

Масоҳати боғӣ мазкур зиёда аз 5 га-ро ташкил дода, дар он майдончаи варзишӣ, майдончаи бозии кӯдакон, майдони фароғатӣ, аттраксионҳо  ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин боғи мазкур бо гулу буттаҳо, дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва фаввораҳо зиннат дода шуда, курсиҳо барои нишаст низ насб карда мешавад.

Айни замон, корҳои азнавсозӣ идома дошта, масъулин тасмим доранд, ки то ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иншоотро ба пуррагӣ ба истифода супоранд.

Шокир Каримзод-Мудири бахши матбуотӣ

 

 

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code