Трансформатори тавоноии номиналиаш 16000 кВ ба шаҳри Кӯлоб ворид карда шуд

Дар заминаи талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, амалӣ гардида, шароит фароҳам гаштааст, то ба тақвияти воситаҳои барқтаъминкунӣ рӯ орем.

Айни замон, дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб 9 адад зеристгоҳҳои барқӣ мавҷуд буда, аҳолӣ, ташкилот, муассиса ва корхонаҳои ҳудуди шаҳрро бо барқ таъмин менамоянд.

Пуриқтидортарин зеристгоҳи барқии шаҳри Кӯлоб-зеристгоҳи «Сомонӣ 110/6 КВ», ки дар он як адад трансформатори тавоноии номиналиаш 16000 кВА насб гардида, 3515 хоҷагӣ ва 268 ташкилоту муассиса ва корхонаҳоро бо барқ таъмин менамояд.

Вале дар фасли замистон пурборӣ дар трансформатор ба миён омада, мушкилот дар таъмини сифатноки барқ ба вуҷуд меомад. Инчунин дар ҳолати таъмир имконияти таъмини барқ аз байн мерафт.

Ҳоло аз ҷониби ШСХК “Барқи Тоҷик” як адад трансформатори иловагӣ бо иқтидори 16000 кВ аз Ҷумҳурии Хитой дастрас карда шуда, ба зеристгоҳи мазкур ворид карда шуд. Баъди васл намудани трансформатори мазкур минбаъд, мушкилии пурборӣ дар замистон аз байн бурда шуда, дар ҳолати таъмир ё садама аз трансформатори дуюм бе мамоният истифода бурда мешавад.

                                                                                                           Бахши матбуотӣ 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code