БОҒҲОИ ФАРҲАНГИЮ ФАРОҒАТӢ БАРОИ ИСТИРОҲАТИ СОКИНОН

Санаи 16 апрели соли равон гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Музаффар Салим оид ба рафти фаолияти боғҳои фарҳангию фароғатӣ ба минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ташриф овард.

Дар ин сафари корӣ ҳамчунин рафти корҳои сохтмоии 5 адад боғҳои фарҳангиву фароғатии шаҳри Кӯлобро низ дидан карданд. Ба рафти корҳои сохтмонӣ ва лоиҳаҳои тартиби боғҳо баҳои баланд дода, ба ба муассиса та ташаббускорон изҳори сипос гуфтанд.

Давлатзода Музаффар барои ҷалби бештари шаҳрвандон ба боғҳои истироҳатӣ масъулинро тавсия намуданд, ки зимни омодабоши боғҳо гузаронидани озмунҳо, ташкили бозиҳои гуногун ба монанди шоҳмот барои ҷалби наврасону ҷавонон, насб намудани баландгӯякҳои радиоӣ барои истироҳаткунадагон, ки тавонанд аз рӯйдодҳои ҷумҳурӣ бохабар гарданд, шинонидани гулҳои муаттар баҳри ҷалб намудани диққати шаҳрвандон, овезон намудани шиору овезаҳо барои тоза нигоҳ доштани боғ аз тарафи истироҳаткунандагон имкон медиҳад, ки таваҷҷуҳи сокинон ва махсусан ҷавонон ба истироҳату фароғат ва Ваҳдату Истиқлолияти давлат дучанд гардад.

                                                                                                                                                      Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code